Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия давоми моҳи июни соли 2026 бо ташаббуси воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ва Беморхонаи марказии ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суҳбату вохӯриҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ баргузор гардид.

Дар чорабиниҳо доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуда, дар рафти он аз тарафи масъулини Агентӣ муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақша чорабиниҳои амалисозии он дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ироа гардиданд.  

Қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи ниҳоди давлатӣ набуда, дар ин раванд бояд ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд ва танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашта, баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Маркази матбуоти Агентӣ