Санаи 21-уми августи соли 2026 бо ибтикори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони минтақа ширкат варзиданд.

Дар рафти конференсия мавзӯи «35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирии ҷиноятҳо ва таҳкими волоияти қонун» мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Масъулин ва маърӯзачиён вобаста ба масъалаҳои мубрам, аз ҷумла «воситаҳои муҳими пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ», «назорати иҷрои қонунҳо», «пешгирии гаравиши ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ», «пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон», «мубориза бар зидди қочоқ» ва «пешгирии нашъамандӣ» баромадҳо намуданд.

Ҳадафи асосии гузаронидани ин чорабинии илмӣ-амалӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, муқовимати дастаҷамъона бар зидди коррупсия ва дигар хатарҳои муосир арзёбӣ гардид. Натиҷаи конференсия ба таҳкими ҳамкории судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва қадрдонии фаъолон барои саҳми арзанда дар таъмини волоияти қонун мусоидат намуд.

Маркази матбуоти Агентӣ