Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Суханрониҳо

  Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Данғараро ба муносибати оғози фаъолияти марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара»-корхонаи муосири ресандагӣ ва оғози сохтмони корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ....
05.11.2018 12:35 481


  Ҳамватанони азиз!Ҳозирини арҷманд! Пеш аз ҳама, мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов дар муддати се соли охир, яъне баъди мулоқоти мову шумо дар маросими ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг ба шарофати заҳмати аҳлонаи сокинони он хеле ободу зебо ва ....
22.10.2018 13:53 568


 Ширкаткунандагони муҳтарами форум! Меҳмонони гиромӣ!Ҳозирини арҷманд! Ҳамаи шуморо ба Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе хуш омадед мегӯям. Баргузории ин чорабинӣ барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди иштирокчиёни он бисёр муҳим мебошад. Доираи мавзӯъҳои форум сол ба сол ....
15.10.2018 15:50 446


  Муҳтарам профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён!Дӯстони азиз! Қабл аз ҳама, ба Шӯрои олимони Донишгоҳи Сукуба барои ба унвони фахрии илмии “доктор” шарафёб гардониданам самимона изҳори сипос менамоям. Дар Донишгоҳи Сукуба усулҳои бунёдии мактабҳои классикӣ бо тамоюлҳои инноватсионии мактабҳои олии замони муосир хеле муваффақона ....
04.10.2018 20:04 434


Ҳамватанони азиз! Пеш аз ҳама, ба шумо – намояндагони мардуми сарбаланди ноҳияи Мурғоб барои истиқболи самимӣ арзи сипос намуда, кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори ҷашни бисту ҳафтсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар як сокини ноҳия файзу баракат, рӯзгори ....
13.09.2018 21:13 415


                            Ҳамватанони гиромӣ! Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва аз файзу баракати суботи комили сиёсӣ рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъмин гардида, дар ҳар як гӯшаву канори Ватани маҳбубамон корҳои ....
13.09.2018 09:41 481


  Муҳтарам аҳли маорифи ноҳияи Ванҷ!Омӯзгорон ва шогирдони азиз! Ҳоло мо дар мактаби навбунёди замонавӣ, ки ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дарҳои худро барои шогирдони хуштолеъамон боз намудааст, қарор дорем. Ба ин муносибат, ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Ванҷ ва шумо - ....
12.09.2018 08:54 414


  Ҳамватанони гиромӣ! Мулоқоти навбатии мову шумо ба рӯзҳои солгарди бистуҳафтуми истиқлолияти давлатии кишвари азизамон мувофиқ омад. Ду рӯз пеш дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз ба ифтихори ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ тантанаҳои идона баргузор гардиданд. Бо истифода аз фурсат, ....
12.09.2018 08:51 338


  Ҳамдиёрони азиз! Пеш аз ҳама, тамоми сокинони ватандӯсти ноҳияи Ванҷ ва ҳар яки шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати солгарди бисту ҳафтуми истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки аз баракати соҳибистиқлоливу сулҳу суботи комил дар ....
12.09.2018 08:44 360


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.