Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Суханронӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шаҳри Душанбе!

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинону меҳмонони пойтахт ва ҳамаи шумо - ҳозирини тантанаҳои имрӯзаро ба ифтихори Наврӯзи фархундапай, ки дар Наврӯзгоҳи зебои шаҳри Душанбе баргузор мегардад, самимона табрик мегӯям.

Таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад.

Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд.

Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад.

Ҳоло хурду бузурги кишварамон ба Наврӯз ва суннату ойинҳои он арҷ мегузоранд, барои дар сатҳи баланд доир намудани он омодагӣ мегиранд ва ин суннати деринаро бо шодмониву нишоти хосса таҷлил мекунанд. 

Мутафаккири бузурги халқамон Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯзро “пешонаи сол” ҳисобида, ин ойини мардумиро оғози эҳёи табиат ва омили баракати заҳмати деҳқон ва фаровонии хони мардум медонад.

Воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла пойтахти он мебошад.   

Қомат афрохтани даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ, толору майдонҳои варзиш, инчунин, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ низ, ки натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми диёрамон мебошад, нишонаи возеҳи ободӣ, рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии ҳамватанонамон, аз ҷумла сокинони пойтахти азизамон ба ҳисоб меравад.

Бовар дорам, ки дар оянда низ чунин амалҳои созанда вусъати бештар касб мекунанд ва то 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шаҳри Душанбе тавассути бунёди садҳо иншооти нав боз ҳам обод гардида, дар он барои сокинон ва сайёҳону меҳмонони пойтахт шароити муосири зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.

Мо солҳои 2019-2021-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардем. Итминон дорам, ки соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланд, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони мо дар пойтахт ибтикороти нави созандаро амалӣ месозанд. Айни замон дар кишвари азизамон татбиқи ҳадафи чаҳоруми миллӣ- саноатикунонии мамлакат оғоз шудааст.

Эътимоди комил дорам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҳамин роҳ барои бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, бахусус, ҷавонони шаҳр шароити мусоид фароҳам меоранд.

Бо умеди он. ки Наврӯзи имсола боиси фатҳу кушоишҳои нав барои ҳамватанони азизи мо хоҳад гардид, бори дигар ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони пойтахт ва шумо - ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям.       

Наврӯз муборак бошад!


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.