Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30 - юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб”   16.11.2022

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз оғози баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои дар ҳаёти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон воқеан таърихӣ мебошад, сӣ сол сипарӣ гардид.

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин рӯйдоди бузург, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мо мебошад, сидқан ва самимона табрик мегӯям.  

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳарчанд истиқлоли Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардид, ҳодисаҳои баъди он баамаломада нагузоштанд, ки мардуми мо ба бунёди давлати соҳибихтиёри худ оғоз намоянд.

Кишвари соҳибистиқлоли мо бар асари бесарусомонӣ ва кашмакашҳои дохилӣ беш аз як сол рамзҳои давлатдории худ, аз ҷумла Парчами давлатӣ надошт.

Яъне мо на Конститутсия, на Суруди миллӣ ва на Парчаму Нишони давлати соҳибистиқлоламонро доштем.

Бинобар ин, ман ҳамеша таъкид менамоям, ки раванди давлатсозии мо маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, 30-солагии ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.  

Дар оғози давраи ба истиқлол расидани Тоҷикистон, ки дар натиҷаи фурӯпошии давлати абарқудрати вақт сурат гирифт, кишвари мо гирифтори буҳрони шадиди сиёсиву гуманитарӣ ва ҳодисаҳои фоҷеабор гардид.

Ноумедиву парешонӣ ҷомеаи моро ба дараҷае фаро гирифта буд, ки бисёриҳо ба зинда мондан ва раҳоӣ ёфтан аз ин вартаи ҳалокатбор бовар надоштанд.

Маҳз бо дарназардошти вазъияти зикршуда, ман борҳо таъкид кардаам, ки рӯйдоди сӣ сол пеш дар ҳамин толор бавуҷудомада қадами нахустин ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ва аз хатари азбайнравӣ ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон буд.

Зеро пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Давраи аввали соҳибистиқлолӣ ба замоне рост омад, ки қувваҳои исломгарои радикалӣ ҷунбишҳои навзуҳури демократиро таҳти нуфузи худ қарор дода буданд.

Ин қувваҳо манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта, дар асл ба василаи амалигардонии ҳадафи ниҳонии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом, яъне бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷӣ дар Тоҷикистон барпо кардани давлати исломӣ табдил ёфта буданд.

Дар робита ба ин, як нуктаи муҳимми дигарро низ хотиррасон бояд кард, ки роҳбарони аввали кишвар, мақомоти он ва сарварону кормандони сохторҳои ҳизби ҳокими вақт натавонистанд вазъи баамаломадаро дуруст дарк карда, сари вақт тадбирҳои пешгирикунанда андешанд ва аз неруҳои солими ҷомеа истифода баранд.

Гузашта аз ин, баъзе аз онҳо мавқеи бетарафу тамошобинро гирифтанд ё ба табаддулотгарон пайвастанд.

Дар чунин шароит эътимоди мардум ба Ҳукумат амалан аз байн рафта, кишвар дар вазъи ниҳоят вазнин бе роҳбару роҳнамо монда буд.

Шикаст хӯрдани мухолифини исломгаро дар интихоботи президентии соли 1991 ва аз ҷониби онҳо эътироф нагардидани натиҷаҳои интихобот вазъиятро боз ҳам тезутунд гардонид.

Ин ҳолат боис гардид, ки мухолифин бо дастгирии молиявӣ ва роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ ба майдоннишиниҳои ғайриқонунии бардавом оғоз намоянд.

Чунин амали онҳо бо саркардагии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом ба эътирози аксари аҳолии мамлакат рӯ ба рӯ гардид.

Дар натиҷа дар шаҳри Душанбе мардуми мухолифи якдигар дар ду майдон ҷамъ омаданд.

Аз ҷониби Президенти кишвар зери таҳдиду фишори мухолифин таъсис додани Ҳукумати муросои миллӣ, ки он аз ҷониби аксари минтақаҳои кишвар эътироф нагардид, вазъиятро ба эътидол оварда натавонист.

Зеро роҳбарони гурӯҳҳои террористии зикршуда ва пайравони онҳо амалҳои тундравонаи худро бо мақсади ғасби пурраи ҳокимият рӯз ба рӯз вусъат медоданд.

Дар натиҷа доираи ҷанги шаҳрвандӣ торафт васеъ гардида, ноҳияҳои марказӣ ва ҷануби мамлакатро фаро гирифт ва собиқ вилояти Кӯлоб ба муҳосираи иқтисодӣ афтод.

Дар натиҷаи муҳосираи иқтисодӣ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони мо гирифтори бемориҳои гуногуни вазнин, аз ҷумла гелиотроп гардида, ҳазорҳо нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Ҳамин тавр, тобистону тирамоҳи соли 1992 оташи ҷанги шаҳрвандӣ рӯз ба рӯз аланга гирифта, фаъолияти мақомоти давлатӣ, махсусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра фалаҷ ва дар мамлакат беҳокимиятиву беқонунӣ ҳукмфармо гардид.

Чунин вазъият талаб мекард, ки барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун дар ҷомеа ва сулҳу оромӣ дар мамлакат иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад, зеро хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.

Аммо дар он рӯзҳо даъват ва таъмин намудани амнияти намояндагони мардумӣ ва фаъолияти озодонаву бефишори онҳо дар пойтахти мамлакат ғайриимкон буд.

Чунки ҳодисаҳои гаравгон гирифтани вакилон ва аъзои Ҳукумат, таҳқиру зӯроварӣ нисбат ба онҳо, инчунин, ҳолатҳои дахолат ба кори иҷлосия зуд – зуд ба вуқӯъ меомаданд.

Бинобар ин, Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ даъват гардид, ки ин иқдом дар он рӯзҳо нишонаи ҷасорати бузурги вакилони халқ ба ҳисоб мерафт.

Иҷлосия бо рӯзномаи иборат аз 23 масъала ба кори худ идома бахшид.

Интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати нави Раёсати Шӯрои Олӣ, Ҳукумати нав, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, баргардонидани гурезаҳо ва ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ дар мамлакат аз ҷумлаи масъалаҳои пешниҳодшуда буданд, ки барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ, ба ҷойҳои зисташон баргардонидани гурезаҳо ва ба даст овардани сулҳу оромӣ хеле муҳим ба шумор мерафтанд.

Вобаста ба ин, ёдовар бояд шуд, ки ҳангоми ба вазифа пешбарӣ кардани номзадҳо бисёре аз онҳо аз ишғоли мансабҳои пешниҳодшуда даст кашиданд ва нахостанд ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, ки аз лиҳози амниятӣ бисёр ноором буд, баргарданд.

Баъди интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат ман бо қатъият изҳор намудам, ки ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам.  

Инчунин, барқарор кардани сулҳу осоиш дар ҳар як хонадон, ба Ватан баргардонидани тамоми гурезаҳо ва қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро вазифаи аввалиндараҷаи худ эълон кардам.  

Вакилони иҷлосия низ ин ташаббусҳои Сарвари давлатро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Дар робита ба ин, мехоҳам махсус хотиррасон намоям, ки вакилони халқ, бо дарназардошти вазъи ҳассоси кишвар ва ормону хостаҳои мардум, инчунин, ба хотири ҳифзи якпорчагии Ватан ва сарҷамъии миллат, дар раванди иҷлосия ба таври бесобиқа фаъол ва муттаҳид буданд.

Бо дарки амиқи масъулияти ба зиммаи ман гузошташуда дар назди халқи Тоҷикистон савганд ёд кардам, ки «агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷа умр ба сар мебарад, ман худро ором ҳис карда наметавонам».  

Ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва расидан ба сулҳ яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия буд.

Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон намудани 26-уми ноябри соли 1992» қабул шуд ва раванди барқарорсозии сулҳ дар мамлакат оғоз гардид.

Яъне қадами нахустин дар роҳи барқарорсозии сулҳ дар ҳамин иҷлосия гузошта шуд ва тавре ки ҳамватанони мо хуб дар хотир доранд, баъди музокироти бисёр мушкили беш аз чилмоҳа 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дигар санади муҳим – Қонун «Дар бораи гурезаҳо» имкон фароҳам овард, ки шахсони хонаву маҳалли зист ва ҷойи кори худро тарккарда ба ҷойҳои зисти доимии худ баргарданд ва кори пештараашонро идома диҳанд.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарине, ки Ҳукумати навинтихобшуда ба он ноил гардид, дар муддати начандон тӯлонӣ аз Давлати Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳо ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, яъне ҳамватанонамон буд, ки аз тарси ҷон хонаву маҳалли зисти худро тарк карда буданд.

Баъдан, бо кумаку дастгирӣ ва саъю талоши мардуми шарифи кишвар мо ба раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз кардем ва дар як муддати кӯтоҳ садҳо ҳазор манзили истиқомативу муассисаҳои иҷтимоии сӯхтаву харобшуда, пулҳо ва дигар иншооти инфрасохтории валангоргардидаро таъмиру барқарор намудем.

Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд.

Зеро тавре ки болотар гуфта шуд, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон беш аз як сол рамзҳои инъикоскунандаи соҳибихтиёрии худро надошт.

Бинобар ин, рӯзи қабули Парчами давлатӣ, яъне 24-уми ноябрро мо ҷашни умумимиллӣ эълон кардем, ки ҳар сол аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург таҷлил мегардад.

Зимнан, ёдовар мешавам, ки баъди чанд рӯз ин рӯйдоди муҳимми миллии мо низ сисола мешавад.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар зарфи чанд рӯзи баргузории он, ки барои мардуми мо воқеан рӯзҳои сарнавиштсоз буданд, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ва баҳсу мухолифатҳои шадид қарорҳое қабул кард, ки ҷавобгӯи талабу хостаҳои мардум ва баёнгари иродаи матини фарзандони ватандӯсти халқи Тоҷикистон буданд.

Ба шарофати санадҳои қабулшуда ва амалӣ гардидани онҳо фоҷеаи умумимиллӣ, ки қариб буд орзуи ҳазорсолаи мардуми моро барои истиқлолу озодӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аз байн бурда, боиси аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллати тоҷик гардад, пешгирӣ карда шуд.  

Имрӯз бо итминон изҳор менамоям, ки мо – вакилони мардумӣ – он рӯзҳо масъулияти таърихӣ, қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва рисолати имонии худро нисбат ба сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзаву ояндаи мардумамон иҷро кардем.  

Бо гузашти сӣ сол аз қабули ин ҳуҷҷатҳо бо қаноатмандиву ифтихор метавонем гӯем, ки ин ягона роҳи оқилона ва дурусте буд, ки мо – вакилони халқ – онро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту тараққиёти ояндаи Ватанамон интихоб намудем.  

Баъди ба анҷом расидани иҷлосия вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи Сарвари давлат, Шӯрои Олӣ, Шӯрои вазирон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ амалӣ намудани қонуну қарорҳои қабулкардаи он буд.

Бо кӯшишҳои пайваста ва бо дастгирии халқи шарафмандамон ба мо муяссар гардид, ки вазифаҳои асоситарину мураккаби дар наздамон қарордоштаро давра ба давра ҳаллу фасл намоем.

Баъди баргузории иҷлосия – 12-уми декабри соли 1992 – ман ҳамчун кафили соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлати Тоҷикистон ба халқи азизам муроҷиат намудам, ки ҳадафи он ҳамчун барномаи стратегӣ ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсии кишвар ва муҳайё кардани шароит барои рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат буд.

Дар муроҷиатнома масъалаҳои муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ инъикос ёфтанд, аз ҷумла ҳарчи зудтар дар мамлакат барқарор намудани шохаҳои ҳокимият ва мақомоти идоракунии фалаҷгардида, баргардонидани гурезаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тамоми қаламрави кишвар, таъсиси Артиши миллӣ, пурзӯр гардонидани ҳимояи сарҳади давлатӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои муҳимме, ки дар мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии давлатамон нақши муассир бозиданд.  

Ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои иҷлосияи таърихӣ ва муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми кишвар зарурати ҳарчи зудтар қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён омад.

Чунки давлати мустақили мо беш аз ду сол дар доираи Конститутсияи соли 1978, ки меъёрҳои он ба давраи соҳибистиқлолӣ мувофиқу созгор набуданд, фаъолият кард.

Шадидан зарур буд, ки мо истиқлолу озодии давлати худро дар сатҳи Конститутсия – қонуни асосии мамлакат ба расмият дарорем, мақсаду мароми эълонкардаамон ва роҳи асосии пешгирифтаамон, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, асосҳои сиёсати хориҷӣ ва сохтори давлатдориро дар он дарҷ намоем.

Бинобар ин, баъд аз Иҷлосияи 16-ум бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимону мутахассисони варзида гурӯҳи корӣ созмон дода шуд.

Гурӯҳи корӣ конститутсияи дигар давлатҳои пешрафтаро омӯхта, бо дарназардошти хусусиятҳои кишвар лоиҳаи қонуни асосиро омода кард ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Халқи Тоҷикистон лоиҳаро муҳокима карда, ба он зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ирсол намуд.

Дар натиҷа, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсӣ ва бо ҷонибдории аксари мардуми Тоҷикистон қабул гардид.

Дар асоси Конститутсия дар мамлакат ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ гузаронида шуда, таҳкурсии мустаҳками низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ гузошта шуд.

Тибқи ин асосҳо дар кишвар низоми муосири ҳуқуқӣ, парламенти думаҷлиса, сохтори мукаммали судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ созмон дода шуданд ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардид, ки ин ҳама ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, ободкориву созандагӣ ва пешрафту тараққиёти мамлакат мусоидат намуд.

Дар Конститутсияи нав бори нахуст арзишҳои давлати демократӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ инъикос гардиданд.

Қабули Конститутсия имконият фароҳам овард, ки барои рушди давлати тоҷикон заминаи мукаммалу устувори ҳуқуқӣ гузошта, фаъолияти мураттаби низоми мақомоти давлатӣ таъмин карда шавад.

Қобили зикри махсус аст, ки қабули Конститутсия дастоварди бузурги мо дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.  

 

Ҳозирини арҷманд!

Чунонки дар ёд доред, бо сабабу омилҳои дар боло зикршуда қариб даҳ соли аввали таърихи давраи соҳибистиқлолӣ сарфи кашмакашу низоъҳо ва мухолифатҳои мусаллаҳона гардид ва мо ба масъалаҳои таъмин намудани рушди муназзами иқтисоди миллӣ ва корҳои ободониву созандагӣ амалан аз оғози солҳои 2000-ум машғул шудем.

Дар натиҷа тайи бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва қисми даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 114 миллиард сомонӣ расида, даромади буҷети давлатӣ ба 33 миллиард сомонӣ баробар мешавад.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб 4 баробар зиёд гардид.

Соли 1990 дар кишвар ҳамагӣ 313 ҳазор тонна ангишт ва 500 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда буд. Соли 2021 истеҳсоли ангишт ба 2 миллиону 300 ҳазор ва семент ба 4 миллиону 500 ҳазор тонна расонида шуд.

Мо солҳои 2022 – 2026-ро солҳои рушди саноат эълон намудем, зеро саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шаванд.

Дар зарфи беш аз се даҳсолаи охир дар кишвар бо заҳмати софдилонаи мутахассисону коргарони ватанӣ зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикӣ бунёд гардида, системаи ягонаи энергетикии мамлакат таъсис дода шуд.

Дар ин давра, ба мо муяссар гардид, ки беш аз 2400 километр роҳҳои замонавӣ бунёд карда, Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ табдил диҳем.

Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, ҳуқуқи истифодаи замин ба деҳқон дода шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям. ки дар оғози замони соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо бо сабабҳои маълум хатари гуруснагӣ таҳдид мекард.

Бинобар ин, бо ду фармони Президенти мамлакат ба мардум 75 ҳазор гектар замин тақсим карда дода шуд, ки дар он рӯзҳои вазнин ба пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ ва нисбатан беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, пеш аз ҳама, нон мусоидат намуд.

Илова бар ин, ба зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор оила 138 ҳазор гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда дода шуд.

Мувофиқи омори расмӣ дар кишвари мо як оила аз 6,2 нафар иборат аст.

Яъне аз рӯи ин ҳисоб қариб 9 миллион нафар ё як Тоҷикистони дигар бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шудааст.

Ҳол он ки дар 70 соли сохти гузашта бо ин мақсад ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд.

Барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар кишвар зиёда аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, бисёр мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бартараф карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаҳои маориф ва тандурустӣ қисми зиёди иншооти бунёдгардида барои беҳтар гардонидани шароити соҳаҳои зикршуда равона гардидаанд.

Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёдгардида беш аз 3 ҳазор иншоот ба соҳаи тандурустӣ ва зиёда аз 4000 иншоот ба соҳаи маориф рост меояд.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.

Имрӯзҳо барои истиқболи арзандаи 35-солагии истиқлоли давлатӣ раванди ободонии Ватан бомаром идома дорад ва то рӯзи ин ҷашни бузург боз даҳҳо ҳазор иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву хизматрасонӣ ба истифода дода, садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус, вакилони мардумӣ ва хизматчиёни давлатӣ тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро минбаъд низ ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, ободониву созандагии Ватани маҳбубамон ва истиқболи арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ сафарбар менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Сиёсати сулҳ ва «дарҳои кушода», ки ҷавҳари сиёсати хориҷии мо мебошад, маҳз дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ эълон гардид ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфт.

Дар иҷлосия мо эълон намудем, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои судманд бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дар асоси принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ буда, таъмин намудани ҳаёти орому осоишта ва арзандаи ҳар шахсро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати хориҷӣ муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Дар шароити ниҳоят пурпечутобу мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, махсусан, масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд гузошта истодааст.

Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси пешво муаррифӣ менамоянд.

Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.

Тайи чанд даҳсолаи охир, дар ҳоле ки Тоҷикистон кишвари саноатӣ нест, бар асари тағйирёбии иқлим тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои ҳудуди он, ки яке аз сарчашмаҳои асосии ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд, аз байн рафтааст.

Ҳоло дар ин замина, Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии худ бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саъю талош карда истодааст.

Ҳамватанони азиз!

Ба шарофати Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро қатъ намудем, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшидем, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро барқарор кардем, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузоштем ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намудем.  

Дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳон ва минтақа, шиддат ёфтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, яроқнокшавии бошитоб, оғози давраи нави «ҷанги сард» ва бар асари ин омилҳо осебпазир гардидани истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии давлатҳои миллӣ масъалаҳои таҳким бахшидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он арзиш ва аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.

Дар зарфи 30 соли гузашта мардуми шарифи Тоҷикистон, вакилони халқ, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, умуман хизматчиёни давлатӣ ва албатта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди давлат ва ободии Ватан содиқона хизмат карданд, ки ба ҳамаи онҳо сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.  

Дар баробари ин, бори дигар изҳор медорам, ки қаҳрамони сулҳ, созандагӣ, ободӣ ва пешрафти Ватан танҳо халқи бузургу сарбаланди Тоҷикистон мебошад.  

Агар тайи сӣ сол хурду бузурги мардуми Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи моро дастгирӣ намекарданд, мо ба сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт, яъне ба ин рӯзҳои нек намерасидем.

Ман дар назди ин халқи қаҳрамону матинирода сидқан сари таъзим фуруд меорам.  

Дар ин рӯзи таърихӣ дар баробари зикри комёбиҳо, мо аз онҳое, ки барои расидан ба ин санаи муборак ҷоннисорӣ кардаанд, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар ва таҳкиму тақвияти пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, ба некӣ ёд мекунем ва хотираи қурбониёни истиқлолу озодиро гиромӣ медорем.  

Вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ҳатто як лаҳза ҳам аз масъалаи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияти давлату миллат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ғофил набошем.

Дар робита ба ин, ҳар як фарди бонангу номуси миллатро бори дигар даъват менамоям, ки бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан минбаъд дар рушду тараққиёти бомароми давлати соҳибистиқлоламон ва раванди созандагии сарзамини муқаддасу биҳиштосоямон боз ҳам бештар ҳиссагузор бошад.

Мо то имрӯз бисёр мушкилоти ҷомеа ва давлатамон, аз ҷумла бемории хатарноки КОВИД – 19-ро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо кумаку дастгирии ҳамдигар аз сар гузаронидем.

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мо ба ҳалли дигар мушкилоту масъалаҳои ҳаётамон ҳатман ноил мегардем, зеро миллати муттаҳиду сарҷамъ ба рафъи ҳама гуна мушкилот қодир аст.

Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, яъне соҳибони ояндаи давлат ва миллат эътибори аввалиндараҷа диҳем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, заҳматдӯстӣ, эҳтироми падару модар, калонсолон ва одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ тарбия кунем.

Мо барои таъмин намудани ободии ояндаи Ватанамон бояд истеъдодҳои ҷавонро дастгирӣ намоем ва аз байни онҳо олимону донишмандон, муҳандисону меъморон, табибону омӯзгорон, ихтироъкорону навоварон, лоиҳакашону бинокорон ва дигар кадрҳоеро тарбия кунем, ки фардои дурахшону осудаи давлату миллатро таъмин карда тавонанд.

Мо бо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки онҳо ҳамчун насли ояндасоз роҳи пешгирифтаи моро ба таври сазовор идома медиҳанд, давлату миллати худро соҳибӣ мекунанд ва обрӯи тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.  

Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта дошта бошем ва фарзандону набераҳоямон дар Ватани боз ҳам ободу тараққикарда зиндагӣ кунанд, имрӯз бояд ба рушди илму маориф ва неруи зеҳнӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем, ҳамаи саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро ба ин самти муҳимтарину ояндасоз сафарбар намоем.

Дар ин раванд, бояд доим дар хотир дошта бошем, ки бо хурофоту ифротгароӣ давлати мутамаддину пешрафта бунёд карда намешавад, зеро хурофоту ифротгароӣ ба инсоният фақат тафриқаандозиву бадбахтӣ меоварад.

Бунёди қасри зебои Арбоб, ки мо ҳоло дар он қарор дорем, маҳсули заҳмати созандаи ҳунармандони халқамон мебошад, ки беш аз 70 сол инҷониб хизмат карда истодааст.

Яъне самараи илму дониш ва касбу ҳунар фақат ободиву пешрафт ва натиҷаи ҷаҳолату бесаводӣ танҳо харобиву ақибмондагист.

Дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки бо аҳолии кам ва ҳудуди хеле маҳдуд, вале бо истифодаи илму дониш ва техникаву технологияҳои пешрафта ба сатҳи аз лиҳози иқтисодӣ бисёр баланди тараққиёт расидаанд.

Масалан, Белгия, Сингапур, Япония, Люксембург ва якчанд кишвари дигар.

Дар даврае, ки бемории КОВИД – 19 пайдо шуд, илоҷи он, яъне роҳи табобату пешгирии онро танҳо кишварҳои аз лиҳози неруи зеҳнӣ ва илмиву технологӣ тараққикарда ёфтанд ва бо ваксинаи ихтироъкардаи онҳо ҷони миллионҳо нафар одамон аз дасти аҷал раҳо ёфт.

Фоҷиае, ки солҳои навадуми асри гузашта ба сари миллати тоҷик омад, бояд ба ҳамаи мо ва наслҳои ояндаи миллатамон сабақи ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошад.

Аз ин лиҳоз, мо набояд ба паҳншавии ақидаҳои хурофотпарастона ва расму ойинҳои милливу мазҳабии бегонаву ифротӣ роҳ диҳем.

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки миллати дорои таърихи беш аз шашҳазорсолаи тамаддунсозу фарҳангӣ ва шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин набояд аз масири рушду тараққиёт қафо монад ва ба хурофоту ҷаҳолати асримиёнагӣ роҳ диҳад.

Баръакс, чунин миллати бостонӣ бо мероси бузурги илмиву маънавӣ ва суннату анъанаҳои қадимӣ, ки фарзандони фарзонаи он ба тамаддуни башарӣ хизматҳои бузургу барҷаста кардаанд, бояд талош намояд, ки дар сафи пеши корвони рушду тараққиёт қарор дошта бошад.  

Дар ин рӯзи муборак орзу дорам, ки дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ пойдору ҷовидон бошад, ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси миллати озоду соҳибихтиёри мо бо заҳмати содиқонаву софдилона аркони давлату давлатдории мустақиламонро устувор гардонида, барои ояндаи ободу осудаи сарзамини куҳанбунёдамон саъю талоши бештар намояд.  

Дар амалӣ гардидани ин ниятҳои нек ва нақшаҳои созанда ба ҳар як фарди Ватан барори кор орзу намуда, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва шумо – ҳозирини гиромиро бори дигар ба ифтихори сиюмин солгарди рӯйдоди бузургу тақдирсоз – Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвари азизамон ободиву осоиш, рӯзгори бофайзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон суботу оромӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.  

Бигзор, миллати сарбаланди тоҷик то абад сарҷамъу муттаҳид, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша поянда ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва ободу пешрафта бошад!  

Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Чоп намудан