Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш   21.03.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи Конфронси об мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид беш аз си сол сипарӣ шуд ва мо ба таҳкими муносибатҳо бо он пайваста аҳаммияти хосса медиҳем.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид

Иштирок дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид   21.03.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.

Дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои стратегӣ, сиёсӣ ва назорат дар соҳаи идора, раиси комиссия оид ба фарҳанг Катрин Поллард иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи нақши назаррас ва рамзи аҳаммияти санъат дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо мебошад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон” дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон” дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид   21.03.2023

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон”, ки дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ Эрл Кортеней Раттрей, муовини дабри кулли СММ, сафирони кишварҳо ва намояндагони расмии дигар давлатҳои аъзои СММ, инчунин дигар иштирокчиёни Конфронси оби СММ – 2023 иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст, ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ, намояндагони воломақоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро барои ташрифашон ба намоишгоҳи Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид барои ҳамкорӣ дар баргузории ин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таърихи қабул гардидани Эъломия дар бораи истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ва талошҳои мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва рушди устувори иқтисодӣ андешаронӣ карданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки ҳоло Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва мақсаду мароми нек дар фазои сулҳу субот, эҳтироми гуногунандешии сиёсӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар роҳи рушду таҳкими пайвастаи пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии худ қадамҳои устувор мегузорад.

Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муаррифии намунаҳои фарогири давраҳои муҳимми таърихи давлатдории тоҷикон, фарҳанги ғаниву қадима, табиати зебову нотакрори давлат, захираҳои фаровони табиӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, санъат ва ҳунармандиву меъмории мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад.

  Зимни суханронӣ ҳамчунин Сарвари давлат оид ба ҳамкории судманди Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, пешниҳоди ташаббусҳои созандаи кишвари мо оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин, Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ ҷаноби Эрл Кортеней Раттрей суханронӣ намуданд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон” ва гӯшаи воқеияти маҷозиро тамошо намуданд.

Чоп намудан E-mail

Сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон” дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид   21.03.2023

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  26.12.2022

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод мубодилаи афкор карда, масоили марбут ба вазъи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи  тарафайнро баррасӣ намуданд.

Чоп намудан E-mail

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон  14.12.2022

Баъд аз фарҷоми музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

Ба Изҳороти муштарак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф имзо гузоштанд.

Сипас дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

- Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб   14.12.2022

14 декабр ҳамчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи расмӣ идома ёфт.

Дар оғози музокирот эътимоди сиёсии дуҷониба заминаи устувори муносибатҳои шарикӣ ва асоси рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон маънидод гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тақвияти минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Покистон дар баробари ҷавобгӯи манфиатҳои ду давлат будан, ҳамчунин омили муҳими ҳифзи суботу амният ва рушди минтақа низ ба ҳисоб меравад.

Дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доштани муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту энергетика таъкид гардида, дар ин замина барои рушду таҳкими бештари муносибатҳо дар ин самтҳо баргузории ҷаласаҳои пайвастаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин муҳимияти таҳкимбахшии фаъолияти гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ ва энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон ва Форуми соҳибкориро таъкид намуда, таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашониро байни ду давлат ба мақсад мувофиқ шумориданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Маросими истиқболи расмӣ дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

Маросими истиқболи расмӣ дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон  14.12.2022

14 декабр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт.

Ба ифтихори сафари расмӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон қароргоҳи Сарвазири ин кишвар низ бо шукӯҳи хоса омода гардидааст.

Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Баъди садо додани сурудҳои миллии ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо ҳайатҳои расмии дуҷониб шинос шуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ