Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш 19.09.2023

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд.

 

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.

 

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд.

 

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030қабул карда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.

 

Дар рафти мулоқот ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.

 

Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯҳои асосии мулоқот буданд.

 

Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таъкид гардид, ки Тоҷикистонтамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишварбарои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад. 

 

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз Масҷиди марказии шаҳри Остона

Боздид аз Масҷиди марказии шаҳри Остона   26.08.2023

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид ба амал оварданд.  

Иттилоъ дода шуд, ки 18 марти соли 2019 ба бунёди масҷиди марказӣ оғоз бахшида шуда, он 12 августи соли 2022 мавриди истифода қарор гирифт.

Масҷиди марказии Остона дар масоҳати 10 гектар замин бунёд гардида, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Масҷид аз чор манораи баландиашон 130 метр иборат мебошад. Як манора барои тамошои сайёҳон пешбинӣ шудааст.

Дарҳои даромад аз чуби мустаҳкам сохта шуда, бо нақшу нигори қазоқӣ оро ёфтааст.

Дар масҷид ба ҷуз толорҳои намозхонӣ, инчунин синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, хизматрасонию техникӣ ва осорхона мавҷуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити намозгузорон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба кишвари дӯсти Қазоқистон шукуфоӣ ва ба мардуми қазоқ саодатмандӣ орзу карданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон  25.08.2023

25 август дар шаҳри Остона мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд.

Баррасии масоили муносибати дӯстӣ ва шарикии ду кишвар дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар сиғаи васеъ, бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Қазоқистон барои истиқболи самимӣ, таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ҷиҳати баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент, изҳори сипос намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ин чорабиниҳо, ки дар 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии давлатҳо сурат мегиранд, боз як далели рушди бемайлони муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки муносибати гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷараёни густариши босуръатро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ касб кардаанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчунин, гардиши мол миёни ду кишвар, ки танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми он қариб ба 600 миллион доллар расидааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Сарвари давлати мо қайд карданд, ки Қазоқистон дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имрӯз мақоми пешсафро доро мебошад.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҷонибҳо қодиранд нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷонибаро дар ояндаи наздик то ба 2 миллиард доллар расонанд.

Баробари соҳаи тиҷорат ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмаи агросаноатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш фаъолона идома доранд.

Инкишоф додани робитаҳои зиёиён, ходимони фарҳанг, адабиёт, санъат ва муассисаҳои маданию гуманитарӣ зарур шумурда шуд.

Дар идомаи суҳбат ҳамкориҳои ду кишвар дар самти амният дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчуби ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо дар ин зимн, аз ҷумла атрофи мавзӯи тағйирёбии иқлим, масъалаҳои афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, бо шумули қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, табодули андеша карданд.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мавзӯъҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон  25.08.2023

25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Остона - пойтахти ин кишвар ворид шуданд.

Бо нишони эҳтироми баланд ва самимияти хос меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии меҳмони олимақом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳи шаҳри Остона бо парчамҳои ҳарду давлат идона ороста шуда буд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев  19.07.2023

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёв мулоқот карданд.

 

Дар рафти суҳбат маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ, дӯстию бародарӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолат ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар ва тадбирҳои ҳукуматҳо ҷиҳати таъмиқи робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Ҷонибҳо вазъи робитаҳои ду кишварро дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ карданд.

 

Таъкид гардид, ки иштироки ду кишвар дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ метавонад бар нафъи давлатҳо хизмат расонад.

 

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев 19.07.2023

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот карданд.

 

Дар рафти суҳбат маҷмӯи масоили шарикии стратегии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриро боз як имкони хуб барои муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон маънидод карданд.

 

Изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан байни ду кишвар ҳосилшуда барои таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.

 

Дар ин робита ҷонибҳо рафти омодагиро ба чорабиниҳои муштараки дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалии дарпешистода мавриди муҳокима қарор доданд.

 

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин баррасии дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

 

Сарони давлатҳо барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳамаи имкониятҳо ҷиҳати ба муваффақият гузаронидани рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳи август, инчунин чорабиниҳои сатҳи олӣ – Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал табодули андеша карданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ   18.07.2023

18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда ба номи Шоҳ Абдулазиз меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири музофоти Маккаи Мукаррама, мушовири Шоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ал-Файсал ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Ба хотири пазироии меҳмони олиқадр саҳни фурудгоҳ идона ороста шуда, аз ду канори роҳрави махсус аскарони Қаровули фахрӣ саф кашида буданд.

 

Дар назар аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 июл дар шаҳри Ҷидда дар нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ мекунанд.

 

Дар доираи ин сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Подшоҳи Арабистони Саудӣ Шайх Муҳаммад ибн Салмон ва дигар намояндагони воломақоми Подшоҳии Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

Иштирок дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо  02.06.2023

2 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Зимни нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ дар пасманзари хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла  вазъи кунунии Афғонистон табодули андеша намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мавқеи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро перомуни ҳамкориҳои шашҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин дигар соҳаҳо иброз намуданд. Зарурати тақвияти ҳамкории кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиёт,  логистика, гидроэнергетика, энергияи сабз ва рақамикунонӣ таъкид шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили мубрами тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳоро матраҳ намуданд. Сарвари давлати мо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйири иқлим арзи сипос намуданд.

Аз натиҷаи нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо изҳороти муштараки матбуотӣ қабул гардид.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ