Эълон

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар соли 2024 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон, хадамотҳои иҷро, алоқа ва назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Файзобод, Филиали «Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ»-и Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибии ҷумхуриявӣ» гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

 

Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31 Методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи ташкилотҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад.

 

Аз ин рӯ, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои болозикр, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи «Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.» ирсол намоянд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ