Иштироки дастаҷамъонаи кормандони Агентӣ дар пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон тамошои пахши мустақими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 

Зимни ироаи Паём Роҳбари давлат дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, саноат, бонкӣ ва дигар соҳаҳои мухталифи фаъолият мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, сиёсати минбаъдаи дохиливу хориҷии ҷумҳуриро барои соли 2024 муайян намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ