Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон  12.10.2022

Шоми рӯзи 12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар  Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии “Нурсултон Назарбоев” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ