Вохӯрии ҷамъбастии роҳбарияти Агентӣ бо гурӯҳи мониторингии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд

Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 19 апрели соли 2024 ташрифи аъзоёни гурӯҳи мониторингии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар доираи он меҳмонон бо масъулини вазорату идораҳои кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ роҷеъ ба иҷроиши тавсияҳои Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ вохӯриҳо гузарониданд.

 

Дар фарҷоми арзёбӣ санаи 19 апрели соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ниҳоии ҳайати расмии мақомот таҳти роҳбарии директори Агентӣ муҳтарам Султонзода С.С. бо аъзоёни гурӯҳи мониторингӣ баргузор гардид.

 

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои муборизаи беамон бо зуҳуроти коррупсия қабул ва тавсияҳои Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз тарафи кишвар пазируфта шуда, он давра ба давра мавриди иҷро қарор дода шуда истодааст.

Қайд гардид, ки иҷроиши тавсияҳои Нақша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи мониторингӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифта, аз натиҷаи он ҳисоботи даврӣ таҳия гашта, унвонии тарафҳо манзур мегардад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ