Ифтитоҳи бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар шаҳри Душанбе   13.03.2023

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Дар асоси лоиҳа бинои Раёсат сеошёна буда, бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бинои нав дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуҷраҳои корӣ, осорхона, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳавӣ иборат буда, барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё гардидааст.

Маҷлисгоҳи бинои Раёсат 70 ҷойи нишаст дошта, бо нишастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонда шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ бо технологияи информатсионӣ ва дигар таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар китобхона дар баробари китобҳои соҳавӣ номгӯйи зиёди асарҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо мавҷуданд, ки минбаъд кормандон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити бинои навбунёди Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандонро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят намуданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов  13.03.2023

13 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетовро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Имангалӣ Тасмагамбетовро ба муносибати дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъин шуданаш самимона табрик гуфта, ба ӯ дар корҳояш комёбӣ орзу намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмонро баррасӣ карда, баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалиро муҳокима намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳамёриро дар самти сиёсӣ, тавсеаи фаъолияти байналмилалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодиро махсус таъкид карданд.

Ҳамчунин, аҳаммияти пурзӯр намудани кори ҳамаҷониба ҷиҳати муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи тавонмандии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ҷиҳати мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ карданд.

Зимни суҳбат доир ба вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов  03.03.2023

3 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти рушди минбаъдаи самарабахши муносибатҳои байниминтақавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо самти муҳими доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва омили ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуни нави амалӣ мебошад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин  02.03.2023

2 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот карданд.

 Дар оғози мулоқот Сарвари давлати мо муҳимияти идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатиро таъкид намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷараёни мусбати равобити ду кишвар дар бисёр соҳаҳои ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкории зичи ҷонибҳо дар бахши амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав дар шаҳри Душанбе

Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав дар шаҳри Душанбе  24.02.2023

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои нодири сояафкани ороишӣ ва ҳамешасабз ба маъракаи ниҳолшинонӣ, оғози корҳои мавсими баҳорӣ, вусъати тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаи умумии ниҳолшинонӣ ташкил карда мешавад.

Ин навбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар боғи нав дарахтони ороишии ҳамешасабзи магнолия ва секвоя шинониданд.

Масоҳати боғи нав 10 гектар ва дарахтоне, ки аз аврупо барои бунёди боғ ворид гардидааст, беш аз 11 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Дар боғи дарахтони нодиру ҳамешасабз 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Зимни суҳбат бо боғдорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Ниҳоли дарахтони дар боғи нав шинонидашуда асосан аз кишварҳои аврупо ворид карда шуда, ба минтақа мутобиқ мебошанд.

Барои мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ пешбурдани корҳо аз аврупо техникаи нави коркарди боғ ворид карда шудааст. Мутахассисони ботаҷриба бо истифода аз ин техника барои кандану интиқоли ниҳолҳо аз як ҷо ба ҷойи дигар корҳоро босифат анҷом медиҳанд.

Дар боғи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ, ки беш аз 30 намудро ташкил медиҳад, шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат ҳамаи ниҳолҳои дар ин ҷо парваришёфта барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳои шаҳри Душанбе истифода мегардад.

Зимни бунёди боғи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ ва беҳдошти ҳифзи муҳити зист супоришҳо доданд.

Дастур дода шуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ташкили гулгашту хиёбонҳои нав, зебову назаррабо кардани боғҳои фарғангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои пойтахт аз имкониятҳои боғи навбунёд, аз ҷумла дарахтони сершумори ороишӣ самаранок истифода баранд.

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз мағозаи фуруши гулҳои ороишии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” боздид ба амал оварданд.

Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ соли 2015 бо ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Пайванд бунёд шуд.

Ҳадаф аз ифтитоҳи мағоза фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад. 

Мутахассисон дар баробари фуруши ниҳолҳо ва буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд ба шаҳрвандон барои парвариши ниҳолҳои ороишӣ маслиҳатҳои муфид диҳанд.

Имсол коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд”  бо бунёди иншооти иловагӣ масоҳат ва имкониятҳои онро васеъ карданд.

Дар мағоза 10 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Дар ин ҷо намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

Баъди шинонидани дарахт, шиносоӣ бо парвариши дарахтон ва боздид аз мағозаи фуруши гулу буттаҳои ороишӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо боғдорон дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғҳои наву таҷдиди боғҳои кӯҳна, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, афзоиши содироти мева ба хориҷи кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузории маъракаҳои ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дода, онҳоро ба вусъати тадбирҳои созандагию ободонӣ ҳидоят намуданд.

 
facebook
twitter

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  23.02.2023

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба таърихи 30 соли дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш, андешаронӣ карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Иштирок дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  30.11.2022

30 ноябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони як қатор сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҲХДТ ширкат варзиданд.

Дар маҷлис ҷараёни иҷрои қарорҳои анҷуманҳои 13 ва 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳалаи минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҳайати аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тағйирот ворид карда шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30 - юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб”

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30 - юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб”   16.11.2022

16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии бошукуҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ - Қасри Арбоби ба номи Саидхуҷа Урунхоҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми кишварро бо солгарди иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мардум мебошад, табрику таҳният гуфтанд. 

Ёдовар мешавем, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри маданияти ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаеви вилояти Суғд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ҳамон вақт вакилон бо як овоз Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори оқилу хирадманд ва саодатпешаро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлати тоҷикон интихоб карданд.

Аз рӯзҳои нахустин, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқи тоҷик ба ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад.

Сарвари хирадманду саодатпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба аҳдаш вафо кардаву ба мардум сулҳ овард, дар ин рӯзи пур аз нишот бори дигар аз талошҳои созандаву бобарори роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми шарафманди кишвар баҳри ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки раванди давлатсозии тоҷикон маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, 30-солагии ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки чунин вазъият талаб мекард, ки барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун дар ҷомеа ва сулҳу оромӣ дар мамлакат иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад, зеро хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.

Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ даъват гардид, ки ин иқдом дар он рӯзҳо нишонаи ҷасорати бузурги вакилони халқ ба ҳисоб мерафт.

Иҷлосия бо рӯзномаи иборат аз 23 масъала ба кори худ идома бахшид.

Интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати нави Раёсати Шӯрои Олӣ, Ҳукумати нав, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, баргардонидани гурезаҳо ва ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ дар мамлакат аз ҷумлаи масъалаҳои пешниҳодшуда буданд, ки барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ, ба ҷойҳои зисташон баргардонидани гурезаҳо ва ба даст овардани сулҳу оромӣ хеле муҳим ба шумор мерафтанд.

Баъди интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият изҳор намуда буданд, ки ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастанд. Барқарор кардани сулҳу осоиш дар ҳар як хонадон, ба Ватан баргардонидани тамоми гурезаҳо ва қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз вазифаи аввалиндараҷаи Роҳбари тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Вакилони иҷлосия низ ин ташаббусҳои Сарвари давлатро якдилона ҷонибдорӣ намуда, бо дарназардошти вазъи ҳассоси кишвар ва ормону хостаҳои мардум, инчунин, ба хотири ҳифзи якпорчагии Ватан ва сарҷамъии миллат, дар раванди иҷлосия ба таври бесобиқа фаъол ва муттаҳид буданд.

Ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва расидан ба сулҳ яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия буд.

Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон намудани 26-уми ноябри соли 1992” қабул шуд ва раванди барқарорсозии сулҳ дар мамлакат оғоз гардид.

 

Яъне қадами нахустин дар роҳи барқарорсозии сулҳ дар ҳамин иҷлосия гузошта шуд ва тавре ки ҳамватанони мо хуб дар хотир доранд, баъди музокироти бисёр мушкили беш аз чилмоҳа 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарине, ки Ҳукумати навинтихобшуда ба он ноил гардид, дар муддати начандон тӯлонӣ аз Давлати Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳо ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, яъне ҳамватанонамон буд, ки аз тарси ҷон хонаву маҳалли зисти худро тарк карда буданд.

Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар зарфи чанд рӯзи баргузории он, ки барои мардуми мо воқеан рӯзҳои сарнавиштсоз буд. Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ва баҳсу мухолифатҳои шадид қарорҳое қабул гардид, ки ҷавобгӯи талабу хостаҳои мардум ва баёнгари иродаи матини фарзандони ватандӯсти халқи Тоҷикистон буданд.

Таъкид гардид, ки вакилони мардумӣ - он рӯзҳо масъулияти таърихӣ, қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва рисолати имонии худро нисбат ба сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзаву ояндаи мардумамон иҷро кардем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бо гузашти сӣ сол аз қабули ин ҳуҷҷатҳо бо қаноатмандиву ифтихор метавонем гӯем, ки ин ягона роҳи оқилона ва дурусте буд, ки мо – вакилони халқ – онро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту тараққиёти ояндаи Ватанамон интихоб намудем.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ба шарофати Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро қатъ намудем, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшидем, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро барқарор кардем, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузоштем ва рушди устувори иқтисодиро таъмин кардем.

Дар зарфи 30 соли гузашта мардуми шарифи Тоҷикистон, вакилони халқ, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, умуман хизматчиёни давлатӣ ва албатта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди давлат ва ободии Ватан содиқона хизмат карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи сарбаланди Тоҷикистонро қаҳрамони сулҳ, созандагӣ, ободӣ ва пешрафти Ватан арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки агар тайи сӣ сол хурду бузурги мардуми Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи моро дастгирӣ намекарданд, мо ба сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт, яъне ба ин рӯзҳои нек намерасидем.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба солҳои нахустини давлатсозию давлатдорӣ, ба кишвари воҳид мубаддал сохтани Тоҷикистон, қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ, ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаҳо, ба роҳ мондани робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои олам, муносибати судманд бо ташкилоту созмонҳо ва ниҳодҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, интихоби сиёсати дарҳои кушода дар сиёсати хориҷии Ҳукумат, талошҳову ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, андешаронӣ карданд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзу карданд, ки дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ пойдору ҷовидон бошад, ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси миллати озоду соҳибихтиёри мо бо заҳмати содиқонаву софдилона аркони давлату давлатдории мустақиламонро устувор гардонида, барои ояндаи ободу осудаи сарзамини куҳанбунёдамон саъю талоши бештар намояд.

Баъди анҷоми чорабинии тантанавӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ намоиши бошукӯҳи мушакпаронии идона ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ