Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ   16.08.2023

Нимаи дуюми рӯзи 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Сокинони сарбаланду меҳмоннавози шаҳри Хоруғ Сарвари давлатро дар фурудгоҳи “Боми ҷаҳон” ба таври хос гарму самимӣ ва бо шодию фараҳ истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии шоистаи меҳмони олимақом аҳли санъату ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро, ки саропо тараннуми сулҳу субот, хизматҳои беназири фарзанди баруманди халқи тоҷикро таҷассум менамуд, дар сатҳи баланди ҳунарӣ таҳия ва пешниҳод намуданд.   

Мавриди зикри хос аст, ки ҳар як ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайки шодию нишот ва созандагию ободонӣ мебошад.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа   16.08.2023

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот карданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ҳар як сокини бонангу номуси ин диёр дар ҷодаи ободониву бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ба хотири пешрафти Ватани маҳбубамон, таҳкими иқтидори давлати миллиамон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини кишварамон саъю талош менамояд.

Натиҷаи азму талошҳои ободгарона аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 205 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 50 иншоот ба истифода супорида шудааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 175 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида буд.

Таъкид гардид, ки рӯзҳои 24 - 27-уми июни соли ҷорӣ бар асари фаромадани сел чандин хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Миденведи ноҳия, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои 10 хонаводаи деҳаи зикршуда дар як муддати кӯтоҳ хонаҳои истиқоматии нав бунёд гардида, илова бар ин, майдончаи варзиш ва роҳҳои чароғоншудаи маҳаллӣ сохта шуд, ки мо имрӯз дар маросими ба истифода супоридани онҳо иштирок кардем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 436 миллион сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии буҷети маҳаллӣ ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи ноҳия 392 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Илова бар ин, дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 18 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи се лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 730 миллион сомонӣ идома доранд.

Ҳамчунин, тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021 - 2025 татбиқи 92 лоиҳа ба маблағи беш аз 222 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин ҳисоб то ба имрӯз 13 лоиҳа ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати иҷрои босифати корҳо дар иншооти сохташаванда, истифодаи самараноки онҳо, тақвият бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулини ноҳия супориш доданд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, ҳамчунин, бунёди сардхонаву гармхонаҳои муосир тадбирҳои судманд андешанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа 12 бинои нави муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо тайи солҳои охир муассисаҳои тиббии ноҳия бо 55 номгӯи таҷҳизоту асбобҳои тиббӣ ва 41 номгӯи маводи доруворӣ ба маблағи умумии 6,3 миллион сомонӣ таъмин карда шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуд, ки ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корро дар самти боз ҳам беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ вусъат бахшанд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Роштқалъа дар оянда низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати худ барои рушду тараққиёти боз ҳам бештари кишвари соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд тан аз сокинони ноҳия, аз ҷумла собиқадори меҳнат Олимбек Азизмамадов ва хонанда Зулфияи Сайёд баромад карда, аз пешравиҳои амиқи кишвар дар бахшҳои пешбарандаи ҷомеа ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ  16.08.2023

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави Шуъбаи маориф сеошёна буда, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардид.

Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардида, бино дар муҳлати муайянгардида бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ 12 ҳуҷраи корӣ дошта, барои 40 нафар корманди соҳа пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино ҷойгир буда, бо мизу курсӣ ва компютер пурра таъмин гардидааст.

Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино сохта шуда, 90 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла курсиҳои нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин ҷо гузаронида шавад.

Ҳамчунин дар ин бино меҳмонхонаи хурд таъсис дода шудааст, ки аз 3 ҳуҷра иборат буда, бо рахти хоб таъмин гардидаанд.

Масоҳати умумии бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ беш аз 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои навбунёд бо системаи гармидиҳӣ таъмин карда шудааст. Гармии ҳуҷраҳои кории иншоот дар фасли зимистон тавассути он таъмин карда мешавад.

Атрофи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чароғон ва сабзу хуррам гардонида шудааст ва он ба симои маркази ноҳия зебоии хос зам кардааст.

Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Ванҷ барои кормандони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун кормандони Шуъбаи маориф имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳми муносиб гузоранд.

Фармоишгари бино Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ дар иншооти нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати дар оянда баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи васеи технологияи информатсионӣ, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳи Кӯдакистон ва муаррифии бинои Маркази хизматрасонии нав

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳи Кӯдакистон ва муаррифии бинои Маркази хизматрасонии нав  16.08.2023

16 август дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Ванҷ ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Ванҷ нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бинои навбунёди хуштарҳу замонавии Кӯдакистони рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муосири муассисаи томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Дар муассисаи томактабӣ кӯдакон дар 8 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Кӯдакистон дорои синфхонаҳои барҳаво барои машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳати кӯдакон, нуқтаи дастшуӣ, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва кормандон, нуқтаи тиббӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулоти хӯрока ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар кӯдакистони ноҳияи Ванҷ 38 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кории доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ҷараёни таълим дар боғчаи кӯдакона бо забони давлатӣ, ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои машғулият бо тамоми аёниятҳои таълимӣ ва дигар воситаҳои фароғатӣ барои тарбиятгирандагон таъмин мебошад.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки оянда омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ низ дар кӯдакистон ба роҳ монда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон бо дуструякон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд.

Иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Бинои муосири хуштарҳу навбунёд дар ноҳияи Ванҷ дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 1772 метри мураббаъ, қомат афрохтааст.

Иншоот бо системаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Кӯдакистони нав дар ноҳияи Ванҷ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, иқдоми муҳим ва зарурӣ дар татбиқ гардидани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2020-2025” маҳсуб меёбад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар бинои кӯдакистон баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда барои тарбияи насли наврас дар руҳияи Ватандӯстиву хештаншиносӣ садоқатмандона кору фаъолият намоянд.

Кӯдакистони рақами 1 дар ноҳияи Ванҷ дуюмин муассисаи томактабӣ буда, ба истифода супоридани он барои фарогирии бештари насли наврас ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи боздид аз кӯдакистони нав дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат бинои навбунёди Маркази хизматрасонӣ муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти мазкур моҳи май соли 2019 бо ҷалби сохтмончиёни маҳалӣ оғоз гардида, он дар масоҳати умумии 1500 метри мураббаъ сохта шудааст.

 Иншооти хизматрасонии муосир дар маркази ноҳияи Ванҷ аз ду ошёна иборат буда, дорои меҳмонхона бо 9 ҳуҷра ва 18 ҷойи хоб, ҳамом, сартарошхона ва кошонаи ҳусн мебошад.

Фармоишгари иншооти муосири хизматрасонӣ дар ноҳияи Ванҷ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба маблағи 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расидааст.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази хизматрасонии муосир дар ноҳияи Ванҷ 15 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуда, мутахассисон ва сокинон ба корӣ доимӣ ва маоши хуб дар иншооти мазкур, таъмин гардиданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” дар отряди сарҳадии “Дарвоз”

Ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” дар отряди сарҳадии “Дарвоз”  15.08.2023

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб”-ро ифтитоҳ намуданд. 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар отряди сарҳадии “Дарвоз” дидбонгоҳҳои муосири сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлонро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз бунёд шудааст, ба таври маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шароити муосири хизмат ва омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлон гузориш доданд.

Дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб”-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои сарҳадбонон аз сифр бунёд гардида, дар он барои адои хизмати афсарону сарбозон тамоми имконият муҳайё карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти низомӣ моҳи феврали соли 2023 оғоз гардида, бинои дидбонгоҳи сарҳадӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ мутобиқ ба талоботи замон сохта ба истифода дода шуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” аз маҷмааи бинои хонаи сарбозон бо 3 ҳуҷраи хоб барои 60 нафар иборат буда, бо тамоми лавозимоти хизмат аз қабили рахти хоб, маводи шустушуйии шахсӣ барои ҳар як сарбоз пурра таъмин мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар дидбонгоҳи сарҳадӣ ошхонаи замонавӣ,  ҳамоми муосир бо ҳуҷраи буғӣ, ҳуҷраҳои маишию хизматӣ, китобхона, сартарошхона, ҳуҷраҳои кории хизматӣ, анборҳои нигоҳдории силоҳ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд, ки бо тамоми таҷҳизоту  воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар ҷойи хӯроктайёркунии афсарону сарбозони дидбонгоҳ барои хизматчиёни ҳарбӣ таҷҳизоти муосири автоматикунонидашуда насб карда шудааст, ки ин тадбир кори сарбозонро ҳангоми омода намудани хӯрок ва пухтани нон осон менамояд.

Дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” дорои системаи алоҳидаи гармидиҳӣ мебошад. Гармии хонаҳои сарбозон, ҳуҷраҳои хизматӣ ва манзилҳои афсарон ба воситаи он таъмин карда мешаванд.

Бо мақсади бо ҷойи истиқомат таъмин намудани афсарон ҳамзамон дар назди дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” 4 манзили зисти дуҳуҷрадор бо ошхона ва ҳаммоми алоҳида барои оилаҳои афсарон сохта шудааст. Манзилҳои истиқоматӣ аз ҷиҳати сохтмонӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бунёд гардида, бо тамоми лавозимоти рӯзгор, аз қабилӣ техникаи маишӣ ва мебели нав пурра таъмин карда шудааст. Дар саҳни бинои дидбонгоҳ барои истироҳату фароғати фарзандони афсарон майдончаи замонавӣ сохта шудааст. 

Ҳамзамон дар ҳудуди дидбонгоҳи навбунёд иншооти зарурӣ аз ҷумла, анбор барои нигоҳдории маводи ғизоӣ, сабзавот, хочагидорӣ, сӯзишворӣ ва амволи шайъӣ, ҷой барои нигоҳдории воситаҳои нақлиёт,  майдони сафороии сарбозон ва майдончаи варзишӣ ташкил гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба шароити муҳайёгардида дар дидбонгоҳи навбунёд бо афсарону сарбозон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба хизмати софдилона ба нафъи Ватан ҳидоят намуданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки сарҳадбонон бояд чун сипари боэътимод сарҳади давлатиро аз ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони нав, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ ҳифз намоянд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи “Майдони ромишгарон” дар ноҳияи Дарвоз

Ифтитоҳи “Майдони ромишгарон” дар ноҳияи Дарвоз 15.08.2023

15 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Майдони ромишгарон”-ро бо муҷассамаҳои арбобони санъат ифтитоҳ намуданд.

Ба хотири гиромидошти хотираи неки шахсони барӯманди соҳаи фарҳанг ва санъати тоҷик дар даромадгоҳи асосии ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайкараҳои ҳунарманди халқии Тоҷикистон, арбоби санъати тоҷик - Акашариф Ҷураев, ромишгари классики тоҷику форс - Борбади Марвазӣ ва ҳунарманди халқии Тоҷикистон - Абдулло Назрӣ қомат афрохтааст.

Муҷассамаи ин чеҳраҳои мондагор бо саҳми соҳибкорони ватанӣ аз тарафи ҳайкалтарошони мумтози тоҷик бо санъати баланди наққошӣ сохта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Дарвоз даҳҳо нафар нобиғаҳо, шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ба камол расида, дар рушду пешрафти Тоҷикистон нақши босазо гузоштаанд.

Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назрӣ аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки мактаби касбии онҳоро имрӯз фарзандону пайравонашон идома медиҳанд. Акашариф Ҷӯраев давомдиҳандаи анъанаҳои санъати мусиқии халқи тоҷик буда, суруду таронаҳои эҷодкардааш мондагору вирди забонҳост.

Борбади Марвазӣ аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраи ҳунари безаволи тоҷик аст, ки ӯро шоҳи ромишгарон унвон додаанд.

Дар ҳамин ҷо бо иштироки фарзандону пайравони Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ ва аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ аз эҷодиёти ин чеҳраҳои дурахшони санъати асили мусиқии тоҷик пешниҳод карда шуд.

Қомат афрохтани пайкараи чеҳраҳои тобноки санъату фарҳанги тоҷик дар заминаи сиёсати фарҳандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои гиромидошти шахсияти онҳо мусоидат мекунад.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб - Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар ноҳияи Дарвоз

Оғози сафари корӣ дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб - Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар ноҳияи Дарвоз 15.08.2023

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст, аз ҷараёни корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма боздид намуданд.

Ин қитъаи роҳ 109 километрро дар бар гирифта, ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва Ванҷро убур мекунад. Он аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз гузашта, дар миқёси ҷумҳурӣ роҳи душворгузар маҳсуб меёбад ва солҳои тӯлонӣ таъмири асосиро надидааст.

Баъди пурра таҷдиду азнавсозӣ кардан, ин қитъа 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар умум 92,3 километрро ташкил хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар ин масир 27 сентябри соли 2021 дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз оғоз гардида буд.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози он Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чаноқ” ва паймонкори асосӣ корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва купрӯкҳо “Чайна роуд энд бридҷ корпорейшн” мебошад.

Раванди корҳои сохтмонӣ дар ин масир зери назорати пайваста қарор дорад ва муҳлати татбиқи лоиҳа 50 моҳро ташкил медиҳад.

Мутахассисону муҳандисон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз техникаву механизмҳои муосири роҳсозӣ корҳои сохтмониро дар қитъаҳои гуногун мувофиқи нақша суръат бахшида, барои расидан ба ҳадафҳо аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода мекунанд.   

Дар ин қитъа дар асоси лоиҳа сохтмони 15 пули мошингузар, ду нақб бо дарозии 5 ҳазору 200 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 438 метр, 22 ҳазор метр канорадеворҳои оҳану бетонӣ ва сангӣ, гузоштани 200 қубури обгузар ва чароғонкунии 14 деҳаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо дарозии 17,7 километр ба нақша гирифта шудааст.

Зимни муаррифии корҳои иҷрошуда дар доираи лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 14,5 километр корҳои заминӣ ба анҷом расонида шудааст ва дар 45 километрии роҳ корҳо мувофиқи нақша дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Роҳсозон сохтмони такядеворҳои оҳану бетонӣ ва сангиро низ дар ҳафт қитъа идома медиҳанд. Корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани қубурҳои обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди долону пулҳои мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ аз рӯи лоиҳа ба роҳ монда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои рушд, беҳтар намудан ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар ҳамин замина баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ татбиқи ҳадафи дигар - табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ оғоз гардид.

Бо ин мақсад имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дошта, сохтмони қитъаи байналмилалии “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” як қисми ин лоиҳаҳои муҳим мебошад.

Меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ дар ин қитъа ба дараҷаи 3-юми техникӣ дохил мегардад. Роҳи бунёдшаванда аз ду хати ҳаракат иборат аст, ки паҳноии стандартии он 12 метрро ташкил медиҳад. Қисмати паҳноии роҳи мошингард ҳафт метр мумфарш мегардад.

Дар қитъаи роҳи автомобилгарди “Қалъаихумб - Ванҷ, сарҳади Рӯшон” 648 нафар мутахассис бо ҷойи кор таъмин буда, бо истифода аз 206 техникаву механизми муосири роҳсозӣ ва дастгоҳи пармакунии нав корҳои тахту ҳамворкунӣ ва нақбканиро идома медиҳанд.

Корҳои хокканӣ дар ин қитъа дар асоси нақша то имрӯз дар ҳаҷми беш аз 4 миллиону 242 ҳазор метри мукааб, хокрезӣ 119 ҳазор метри мукааб, бартараф кардани мумфарши қаблӣ 5 ҳазору 600 метри мукааб, корҳои хокканӣ дар нақби рақами 1-и деҳаи Кеврон 55 ҳазор метри мукааб ва дар нақби рақами 2-и деҳаи Тогмай 4 ҳазору 214 метри мукааб иҷро гардидааст.

Ҳамчунин мутахассисону роҳсозон дар нақби рақами 1 дар ҳаҷми 2 ҳазору 500 метри мукааб корҳои бетонӣ, беш аз 510 метри мукааб корҳои арматурбандӣ ва бетонрезии сутунпояҳои пули рақами 5, 3 ҳазору 900 метри мукааб корҳои оҳану бетонии такядеворҳо, 2 ҳазору 518 метри мукааб торкрет бетон дар нақби рақами 1 ва 2 ҳазору 390 метри мураббаъ тоза намудани қабати ҳосилхезро ба анҷом расондаанд.

 Дар роҳи мазкур корҳои кӯчонидани хатҳои коммуникатсионии муҳандисӣ идома дошта, 6,7 километр хатҳои алоқа ва 2,6 километр хати барқ иҷро шуда, омода намудани масолеҳи оҳану бетонӣ ва захира кардани қуму шағал аз рӯи нақша идома дода мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мутахассисону муҳандисон барои боз ҳам суръат бахшидан ба раванди роҳсозӣ, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин қитъа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳадаф аз таҷдиду азнавсозии роҳи “Қалъаихумб - Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” таъмини бехатарӣ ва ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳама фасли сол, таъмини ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Бо таҷдиду азнавсозии масири мазкур рафтуомади доимии сокинон таъмин мегардад ва интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи сардхонаи муосир ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Ифтитоҳи сардхонаи муосир ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ   07.07.2023

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ сардхонаи муосирро бо ғунҷоиши 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сардхонаи муосир дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи “Муассисаи давлатии рушди Мастчоҳ” ва соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати 1600 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои се анбори захираи маҳсулот мебошад.

Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ васлу насб карда шудааст, ки барои дар ҳамаи фаслҳои сол беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ имконият медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 20 нафар сохтмончии маҳаллӣ, бо истифода аз масолеҳи оҳану бетонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Фармоишгари иншоот “Муассисаи давлатии рушди Мастчоҳ” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон-3” мебошад. Лоиҳаи сардхона аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Мастчоҳ омода карда шудааст ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир аст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдомро шоиста арзёбӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки бунёди сардхонаҳои муосир барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ имконияти хуби дар тамоми фаслҳои сол таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза мебошад. Аз ин рӯ, ба ин масъала дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат соҳибкорону хоҷагидорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда истодаанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳияи Мастчоҳ боздид ба амал оварданд.

Кишоварзони ноҳия намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, меваҳои хушсифат ва дигар намуди маҳсулотро ба маъраз гузоштанд.

Намоиши маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бозгӯи он аст, ки сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ дар вилояти Суғд, ба хусус ноҳияи Мастчоҳ зиёд карда мешавад.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ