Мулоқот бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва супоридани туҳфаҳо ба онҳо

Мулоқот бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва супоридани туҳфаҳо ба онҳо 19.10.2023

19 октябр баъди ифтитоҳи ҶДММ “Маркази ташхисиву табобатии Ориёно” дар деҳоти Фархори деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон мулоқот анҷом дода, бо вазъи зиндагии онҳо шинос мешаванд.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон дар ноҳияи Фархор дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва ғамхориҳо нисбат ба ятимон дар баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари инсондӯсту ятимпарвари хеш туҳфаҳои арзишманду хотирмон гирифтанд. Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешавад ва зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими ноҳияҳои Фархор, Балҷувон,  Муъминобод, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин сӯҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар ва илмҳои дақиқу муосир, техника ва технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустӣ ҳидоят намуданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” дар ноҳияи Фархор

Ифтитоҳи ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” дар ноҳияи Фархор 19.10.2023

19 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Фархор бинои ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” дар доираи тадбирои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лутфия Камолова бунёд шуда, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам оварда шудааст.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, сохтмони бинои маркази тиббӣ ҳануз соли 2021 оғоз гардида, аз таҳхона, панҷ ошёна ва болохона иборат аст.

Бинои мазкур аз тарафи ширкати сохтмонии ҶДММ “Фирӯз-сохтмон” дар давоми ду сол бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Дар ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” 34 нафар, аз ҷумла 6 табиб, 14 корманди миёнаи тиббӣ ва 12 нафар корманди ёрирасон ба кор ҷалб шудаанд.

Барои фаъолияти пурсамари ин маркази тиббӣ бо арзиши 12 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.

Дар таҳхонаи ин иншооти тиббӣ дорухона, ошхона, ҳуҷраи ташхиси рентгени рақамӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудаанд, ки барои ниёзмандон хизмати сатҳи баландро пешниҳод менамоянд.

Дар ошёнаи аввали бинои мазкур бо мақсади пешниҳоди хизматарсонии босифати тиббӣ ба ниёзмандон ҳуҷраҳои қабули беморон, муоина ва сабти барқии дил, муоина ва ташхиси ултрасадоӣ, муоина ва ташхиси гастроскопӣ ва ҳуҷраи рухсатии беморон ҷой дода шудааст.

Ошёнаи чорум ба бахши ҷарроҳӣ ва ҳуҷраҳои табобати интенсивӣ махсус гардонида шуда, дар ҳуҷраҳои интенсивӣ шароити мусоид барои беморони баъди ҷарроҳӣ ва ниёздошта ба эҳё фароҳам оварда шудааст.

Ошёнаи панҷум барои бахши ташхисӣ ва ҳуҷраҳои табобатӣ ҷиҳати  қабули бемориҳои дил, гӯшу гулуву бинӣ, асаб, чашм, дандон озмоишгоҳҳои клиникию биокимиёвӣ ва дар ошёнаи шашум бошад маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи кории маъмурият ҷойгир карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти ин муассисаи таббӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида, барои аҳолӣ баҳои баланд доданд.

Гуфта шуд, ки дар “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” дасгоҳи эндовидеоҷарроҳии истеҳсоли ширкати овозадори “Delmont”-и Ҷумҳурии Фаронса харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Арзиши ин тавҳизот наздики 2 миллион сомонӣ буда, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ягона мебошад.

Ба гуфтаи масъулин дар оянда бо истифода аз имкониятҳои ин марказ бо ҷалби мутахассисони сатҳи минтақа ва ҷумҳуриявӣ амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ ва дигар усулҳои муоина, ташхис ва табобати бемориҳои гуногун ба роҳ монда мешавад.

Бо оғози фаъолияти “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” аҳолӣ имкон доранд, ки барои ташхису табобат бе харҷи маблағи зиёд ва сарфаи вақт дар назди хонаҳои худ аз хизматарсонии сатҳи баланд баҳравар гарданд.

Дар Марказ барои интиқоли бемороне, ки ба кумаки тиббии фаврӣ ниёз доранд як адад автомобили махсусгардонидашуда низ фаъолият мекунад.

Дар бино маҷмуан 20 кати хоб, аз ҷумла 5 кат барои бемориҳои дил, 5 кат барои бемориҳои асаб, 5 кат барои бемориҳои амрози даруна ва 5 кат барои бемориҳое, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд ҷудо карда шудааст.

Барои ҷиҳозонидани ин ҳуҷраҳо таҷҳизоти тиббӣ, ба монанди рентгени рақамӣ, муоинаи гастроскопӣ, муоинаи ултрасадоӣ, кардиомониторҳо, кати ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои озмоишгоҳӣ ва дигар таҷҳизоти муосири тиббӣ васлу насб карда шудааст.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи ҶДММ “Маркази тиббии Саломат” дар маркази ноҳияи Фархор

Ифтитоҳи ҶДММ “Маркази тиббии Саломат” дар маркази ноҳияи Фархор 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҶДММ «Маркази тиббии Саломат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

«Маркази тиббии Саломат» бо мақсади расонидани кумаки ташхисию табобатӣ ба сокинон бо истифода аз таҷҳизоти муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиза Умарова бунёд гардидааст.

Сохтмони бинои маркази тиббӣ соли 2021 оғоз гардида, он аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз ҷониби ширкати сохтмонии маҳаллӣ дар давоми ду сол анҷом дода шудааст.

Дар таҳхонаи бино бахши физиодармонӣ ва дорухона, дар ошёнаи аввал ҳуҷраҳои сабти барқии дил, ташхиси эхоултрасадоии дил ва ташхиси томографияи компютерӣ ҷойгир карда шудааст.

Ҳамчунин дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм хуҷраҳои қабули бемориҳои занона, дандонпизишк, гӯшу гулу ва бинӣ, бемориҳои дил, амрози даруна, асаб, ҳуҷраи амалиётҳои фаврии ҷарроҳиҳои хурд, ҳуҷраҳои табобати интенсивӣ ва озмоишгоҳҳои клиникию биокимиёвӣ ҷойгир карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва имконияти мусоиди ташхису табобат дар ин марказ баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонӣ ва фаъолияти софдилона ба кормандони он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Барои фаъолияти пурсамари «Маркази тиббии Саломат» ба арзиши умумии 10 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.

Маркази саломатӣ дорои таҷҳизоти томографии компютерии истеҳсолӣ ширкати “Сименс”-и Олмон, ки бо арзиши чор милион сомонӣ харидорӣ шудааст муҷаҳҳаз мебошад.

Кори ин таҷҳизот дар маркз боиси боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дақиқ шудани ташхису табобат мегардад.

Ба фаъолият оғоз намудани маркази саломатӣ имкон медиҳад, ки минбаъд сокинон дар маҳали зисти худ аз хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ бархурдор гарданд.

Тавре, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиллоъ дода шуд, баъди ба истифода додани маркази саломатӣ 30 нафар мутахссисони соҳа ба кор ҷалб гардида ба 30 ҳазор нафар аҳолии атроф хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Чоп намудан E-mail

Гузоштани санги асоси Қасри фарҳанг дар ноҳияи Фархор

Гузоштани санги асоси Қасри фарҳанг дар ноҳияи Фархор 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор иштирок намуданд.

Тавре гуфта шуд, бинои қасри фарҳанг 3 ошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон буда, ба маблағи 35 миллион сомонӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати 0,65 га. бунёд мегардад.

Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии он аз ҷониби мутахасисони ҶСК "САНИИОСП" анҷом дода мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносои бо лоиҳаи бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Фархор ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, ҷиҳати дар мӯҳлати муайян шуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуданд.

Гуфта шуд, ки бо бунёди ин иншооти фарҳангӣ шароити фаъолияти аҳли фарҳанги ноҳия боз ҳам беҳтар гардида, бо тарҳи зебояш намои маркази ноҳияро назаррабо мегардонад.

Чоп намудан E-mail

Истиқбол дар фурудгоҳи ноҳияи Фархор

Истиқбол дар фурудгоҳи ноҳияи Фархор 19.10.2023

Субҳи рӯзи 19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи ииншооти таъйиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадр-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳ роҳбарият ва фаъолону сокинони ноҳия бо самимияти хос истиқбол гирифтанд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул” дар ноҳияи Фархор

Ифтитоҳи Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул” дар ноҳияи Фархор 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Фархор Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро ба истифода доданд.

Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавасути таҷҳизоти видеоӣ - онлайнӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истифода супориданд. Сардорони дидбонгоҳҳо аз омодагии ҳайати шахсӣ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.

Дар маҷмуъ дар ин рӯз дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 96 манзили истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа барои 1450 нафар афсарону сарбозон шароити арзандаву шоистаи хизмату зист муҳайё карда шуд.

Дар дидбоногоҳҳои сарҳадӣ мутобиқ ба талабот барои афсарону сарбозон шароит мавҷуд аст. Ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, толорҳои барҳаво барои хоб, ошхона бо таҷҳизоти зарурӣ, китобхона, буғхона ва дигар имконият барои ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генарали Артиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро бо истифода аз шароити мавҷуда барои иҷрои пурраи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ ҳидоят карданд.

Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмони дидбонгоҳҳои замонавӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва бунёду ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ барои афсарон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида шуд.

Аз моҳи сентябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари давлат бунёди 78 иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардид ва ҳамаи он пурра дар муҳлати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи ҳарбӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуд.

Ин баландтарин нишондод дар самти бунёду ба истифода додани иншооти сарҳадӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ дар Тоҷикистон бори аввал дар соли 2023 ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди иншооти сарҳадӣ, муҷаҳҳазгардонӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити замонавии хизмат изҳори минадорӣ намуда, таъкид карданд, ки раванди беҳсозии шароити хизмат дар Қушунҳои сарҳадӣ идома дода мешавад.

Соли 2024, ки аз таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад, иловатан 12 дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта ба истифода дода шуда, дар тамоми хатҳои сарҳади давлатӣ мутобиқ ба талаботи зарурӣ шароити замонавӣ барои афсарону сарбозон ҷиҳати муҳофизати Тоҷикистони соҳибистиқлол фароҳам оварда мешавад.

Инчунин барои захираи маводи ғизоӣ ва нигоҳдории амволи шайъӣ мутобиқ ба талабот имконият мавҷуд буда, сарбозону афсарон пайваста зери таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Анборҳо барои нигоҳдории техникаҳои ҳарбӣ пешбинӣ карда шудааст.

Бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва омодагии пайваста риояи талаботи оинномаҳо ва интизоми қатъии ҳарбӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи афсарону сарбозони Қушунҳои сарҳадиро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ афсарону сарбозони бонангу номус тавассути гузаронидани машқҳои ҳарбӣ малакаи касбии худро сайқал дода, хизмати Ватан-модарро содиқонаву софдилона адо мекунанд.

Дӯст доштани Ватан, давлат ва миллат ҳадафи асосии ҳар як фарди ватандӯст буда, марзи давлатӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ барои сарбозону афсарон ба ҳисоб меравад ва ҳар ваҷаб марзи муқаддасро бо садоқату матонати баланд ҳимоя мекунанд.

Қушунҳои сарҳадӣ мисли дигар сохторҳои низомии мамлакат дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихӣ таъсис дода шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ барои таъмин кардани инфросохтор ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии сохторҳои марзбонӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон беҳтар кардани заминаи моддӣ-техникии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавиро яке аз вазифаҳои асосии давлат арзёбӣ карда, афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватанро барои ҳимояи марзу буми давлатӣ вазифадор мекунанд.

Ҳамзамон сарбозон метавонанд дар шароити лозима ба машқу тамрин машғул шаванд.

Инчунин ҳайати шахсӣ имкон доранд, нозукиҳои хизмати ҳарбӣ ва нишонзаниро дар майдончаи омӯзишӣ аз худ намуда, малакаи касбӣ ва омодабошии ҷангии худро ҷиҳати муҳофизати сарҳади давлатӣ сайқал диҳанд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи муфид аз имконияти фароҳамшуда, муҳофизати сарҳади давлатӣ, пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолу озодии Ватан ва зиндагии ороми мардум ҳайати шахсиро вазифадор карданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ   14.09.2023

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд, мулоқот намуданд.

 

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон карданд, ки иштироки Роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон дар кори ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омили рушди муносибатҳо байни ду кишварҳо хоҳад гардид.

 

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи татбиқи тавофуқоти зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ бадастомада, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

 

Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев  14.09.2023

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

 

Дар рафти вохӯрӣ ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвар, инчунин масъалаҳое, ки ба рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи баланд дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ворид гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки муносибатҳои байни кишварҳои мо дар ҳама сатҳҳо ҷараёни баланди рушд дорад ва изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода ба инкишофи минбаъдаи онҳо мусоидати муассир хоҳанд кард.

 

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок муҳокима намуданд.

 

Ба ҷониби Узбекистон ҷиҳати дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар раёсати Вохӯрии панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал изҳори сипос карда шуд.

 

Дар рафти мулоқот Президентҳо атрофи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ