Ифтитоҳи толори пазироии меҳмонони олимақом дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави толори вакилони расмии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ карда шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматарсонӣ муҷаҳҳаз ва шароити муосиру мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки бинои толори вакилони расмии фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, то ба имрӯз таъмиру таҷдид карда нашуда буд. Ҳадаф аз тачдиду муҷаҳҳазгардонии бинои мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити муосири хизматрасонӣ барои мусофирон маҳсуб меёбад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб

 

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Нахуст аз ҳама, тамоми сокинони ватандӯсту ватанпарвари вилояти Хатлон ва ҳар яки шумо – намояндагони мардуми сарбаланд ва ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлобро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Тайи чанд рӯзе, ки мо бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорем, бо натиҷаҳои заҳмати созандаи мардуми ин диёр ошно гардидем ва итминон ҳосил кардем, ки сокинони вилоят мисли тамоми мардуми кишвари маҳбубамон ба қадри Ватани соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлоли худ мерасанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ

 

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгаштро ифтитоҳ карданд.

Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт 40 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, дар шафати роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг воқеъ мебошад.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 40 метр, дарозии матои он 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Маконе, ки майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатобод бунёд карда шудааст, аз офати табиӣ зарар дида, қаблан бекорхобида буд. Бо амалӣ намудани корҳои тахту ҳамворкунӣ ва кашондани хок дар ин ҷо имконият барои сохтани чунин як мавзеи дилнишин фароҳам шуд. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

 

15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқоти самимӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ва мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид доштанд, ки мардумони Тоҷикистону Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштараки мо муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

 

15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар мулоқот масоили рушду густариши робитаҳои шарикию стратегии ду кишвар ва мавзуъи мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз сатҳи рушдкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама ҷанбаҳо, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

 

17 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад, мулоқот карданд.

Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо хизмат хоҳанд кард.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

 

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рафти иҷрои созишномаҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон ба имзорасида, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба саҳми шахсии муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди муносибатҳои шарикии стратегии мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд доданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

 

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи омӯзгорону хонандагони пойтахт ва аҳли маорифи кишварро бо оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро аз сулҳ оғоз карда, таъкид доштанд, ки мо - мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки мардуми шарафманди тоҷик фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзанд, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоянд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ