Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.04.2024

18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Чоп намудан E-mail

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 18.04.2024

18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом - Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Узбекистон майдони фурудгоҳ бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Узбекистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд. 

Зимни суҳбати хосае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, дӯстӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун

Мулоқот бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун 05.04.2024

5 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохунро ба ҳузур пазируфтанд.

 

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.  

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди самараноки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд. 

 

Таъкид гардид, ки дар пайи талошҳои пайгиронаи ҷонибҳо робитаҳои ду кишвар ба сатҳи баланд расида, дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба ба таври рӯзафзун густариш меёбанд.

 

Масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  ва кибер-ҷиноятҳо  аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буданд.

 

Зарур шумурда шуд, ки сохторҳои дахлдори ду кишвар, бо дарназардошти вазъи ноороми байналмилалӣ ва зарурати таъмини сулҳу субот, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории амалии худро тақвият бахшанд.

Дар идомаи суҳбат вазъи ҷории Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифт.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”

Иштирок дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” 04.04.2024

4 апрел дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.

 

Дар чорабинии фарҳангӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов иштирок карданд.

 

Бояд гуфт, ки баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон бо номи “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

 

Консерти ҷаззоби “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Туркманистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.

Чоп намудан E-mail

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон 04.04.2024

Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

 

Зимнан санадҳои зерин ба имзо расид:

 

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2024-2025,

 

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон,

 

Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимлики шаҳри Аркадаги Туркманистон дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ,

 

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон,

 

Ёддошти тафоҳум байни Институти геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти сейсмология ва физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Туркманистон.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон 04.04.2024

4 апрел дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.

 

Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

 

Зимни вохӯрӣ аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ дар ҳама сатҳҳо таъкид шуда, рушди минбаъдаи фаъоли муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба манфиати ҳарду ҷониб муҳим номида шуд.

 

Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори нафту газ, химия ва металлургия, кооператсияи саноат, кишоварзӣ ва нақлиёту боркашониро муҳокима намуданд.

 

Густариши равобити байниминтақавӣ тавассути тавсеаи ҳамкории байни субъектҳо ва роҳандозии робитаҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои ду кишвар муҳим дониста шуд.

 

Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд.

 

Доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дастгирии минбаъдаи ташаббусҳои глобалии якдигар мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва таҳкими ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

 

Ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Оғози сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов 04.04.2024

4 апрел Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироӣ ба таври идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

 

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузашти ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди ду пешвои миллӣ анҷом ёфт.

Чоп намудан E-mail

Тақдими тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат

Тақдими тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат 25.03.2024

25 март Сайид Умари Маъсум – ҳунарманди волосалиқа ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик, ки дар Олмон кору сукунат дорад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз маҳсулҳои ҳунари волои худ – тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсан тақдим намуд.

Ин ҳунарманди хушсалиқаи тоҷик, ки солиёни дароз дар Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ кору зиндагӣ мекунад, бо нимпайкара, ҳайкали комил ва тандису дигар ҳунарҳои зебои худ симои бисёре аз сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонро таҷассум намуда, чанде пеш бо ташаббусу ибтикори шахсии хеш тасмим гирифтааст, ки симои Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро офарида, шахсан тақдим намояд.

Тавре ки Сайид Умари Маъсум худ баён медорад, солҳои зиёд ӯ орзу доштааст, ки бо ҳунари волояш ба Тоҷикистону мардуми фарҳангсолори тоҷик хизмат намояд ва имрӯз зимни суҳбат бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои кору эҷод дар Тоҷикистон гуфтугӯ карда, ба оғози ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд. 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ