Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава  12.06.2023

12 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакаваро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд давоми 25 соли шарикӣ, аз ҷумла аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ шудани 180 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷаноби Масатсугу Асакава аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки Осиёии рушдро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.

Зимни мулоқот вобаста ба масъалаи ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ табодули андеша сурат гирифт. Инчунин рушди соҳаи энергетика ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи самтҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд арзёбӣ гардиданд.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва шиддат гирифтани пайомадҳои он андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ