Тақвияти муқовимат ба коррупсия дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии устодону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин кормандони соҳаи тиб аз ҷониби кормандони Агентӣ дар зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Данѓара, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ сӯҳбату вохӯриҳо доир карда шуд.

 

Қайд гардид, ки коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб эътимоду боварии мардумро ба сиёсати пешгирифтаи давлатҳои ҷаҳон аз байн бурда, пояҳои давлатдориро коста мегардонад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ манфиати давлату ҷамъият мадди назар гардида, иқтидори идоравии давлат ва дигар унсурҳои миллӣ аз байн мераванд. Коррупсияро ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун ҷинояте мешуморад, ки он на танҳо обуруву эътибори давлатро дар арсаи байналмилали заиф мегардонад, балки ба сулҳу субот ва истиқлолияти комили давлатҳо таҳдиду хатари бевосита мерасонад.

 

Аз ин лиҳоз, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар кори муқовимат ба коррупсия бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри ояндаи дурахшони ватан саҳмгузор бошанд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён доир ба мавзуъ ибрози андеша карда, баҳри пешгирии ин падидаи номатлуби замон ва паст кардани шиддати коррупсия аз нигоҳи худ таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ