Мулоқоти директори Агентӣ бо Раиси Хадамоти назорат ва мубориза бо коррупсияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

 19 декабри соли 2022 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид дар ҳошияи сафари хизматӣ барои иштирок дар “Якумин вохӯрии роҳбарони ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба мубориза бо коррупсия” бо Раиси Хадамоти назорат ва мубориза бо коррупсияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Мазин ибни Иброҳим Ал-Каҳмус мулоқот намуданд.

 

 Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои байниидоравӣ дар доираи санади ҳамкории муштарак ба танзим дароварда шавад.

 

 Қайд гардид, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду мақомоти бо коррупсия муборизабаранда заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ