Семинари омӯзишӣ дар шаҳрҳои Панҷакент, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб

 Давоми моҳи ноябри соли 2022 дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида аз ҷониби кормандони Агентӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Панҷакент ва ноҳияи Варзоб бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 

 Чорабинӣ бо ҷалби кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ доир шуда, масъулин дар мавзӯҳои «Нақши соҳаи маориф дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ» ва «Муқовимат ба коррупсия кафили рушди соҳаи тандурустӣ» суханронӣ намуданд.

 

 Инчунин ба иштирокчиён оид ба моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз ҷумла мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои муқовимат ба коррупсия, субъектҳои муқовимат ба коррупсия, усулҳои муқовимат ба коррупсия, кафолати дахлнопазирии субъектони дар муқовимат ба коррупсия мусоидаткунанда ва дигар масъалаҳо шарҳу тавзеҳ дода шуд.

 Зимнан, дар рафти баргузории семинар намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас гардониданд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ