Семинари омӯзишӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” дар шаҳри Хоруғи ВМКБ

 Давоми моҳи ноябри соли ҷорӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва як қатор зерсохторҳои вазорату идораҳои давлатӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 

 Дар чорабиниҳои зикргардида кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мавзӯҳои “Муқовимат ба коррупсия - кафили рушди соҳаи тандурустӣ”, “Нақши соҳаи маориф дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ”, “Пешигирии  содиршавии  кирдорҳои коррупсионӣ дар фаъолияти кормандони  Кумитаи давлатии идораи замини ВМКБ, КДФ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул инчунин шарҳи бақайдгирии ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд аз ҷониби дигар шахсон дар самти замин” баромад намуданд.

 

 Ҳамзамон, мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ аз ҷумла, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба ҳозирин фаҳмонида дода шуда, дар навбати худ иштирокчиён доир ба мавзӯҳои болозикр ибрози андеша намуданд.

 

 Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо донишу таҷрибаи масъулони ниҳодҳои давлатиро баланд бардошта, барои дарёфти роҳҳои нави муқовимат ба коррупсия заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ