Тассаруфи маблағҳои буҷети бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Партоби Меҳтар Ҷовидзода дар вазифаи мутахассиси шуъбаи хазинадории раёсати молияи ноҳияи Ҷ.Расулов вилояти Суғд кор карда, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, давоми фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир намуд.

 

 Чунончӣ, номбурда ҳамчун сарпарасти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷ.Расулов вазифагузорӣ гардида, бо истифода аз барномаи электронии SGB.net., аз буҷети бахши мазкур маблағи умумии 109500 сомониро бо роҳи сохтакории хизматӣ ба тассаруфи худ даровард, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид.

 

 Оиди ин ҳолат нисбати Партоби Меҳтар Ҷовидзода бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ