Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсолии коғазҳои рангаи ҶДММ “Дурахшон Бӯстон”-и шаҳри Бӯстон

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсолии коғазҳои рангаи ҶДММ “Дурахшон Бӯстон”-и шаҳри Бӯстон  09.08.2022

Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон”-ро ба истифода доданд.

Корхона нави саноатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ғайбулло Раҳмонов, бо мақсади таъмини бозори дохила бо маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот, бо 20 ҷои корӣ, дар масоҳати 0,47 гектар таъсис дода шудааст.

Барои бунёди корхона ва таъмини таҷҳизоти технологияи иноватсионӣ 7 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва насб карда шуда, махсулот дар тачхизоту  дасгохи муосир бо риояи технологияхо дар якчанд мархила амали мегардад. 

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли қоғазҳои ранга ташаббус ва иқдоми соҳибкорони ватанӣ дар заминаи тавҷӯҳи   Пешвои миллат ва дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолист.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 20 тонна ва дар як сол 240 тонна коркарди ашёи хом мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаббусҳои созандаи сохибкорон оид ба хиссагузорӣ дар панҷсолаи рушди соҳаи саноат баҳои баланд дода, таькид намуданд, ки маҳс рушди соҳаи саноат аз имконияту иқтидорҳои таҳкими содирот мебошад.

Дар саҳни  корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон  Бӯстон”   маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шахри Бӯстон, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли қубурҳои оҳанин ва профилҳои ҶДММ “Ганҷофар”, корхонаи истеҳсоли мехи печони ҶДММ “Нуртез”, корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми ҶДММ “Суғдпак-2”, маҳсулоти истеҳсоли ЧДММ “Мироб”,  ЧДММ “Гарант Микст”,  ҶДММ “Зиннат” ва ҶДММ “Тоҷфилиз”  ба намоиш гузошта шуд.

Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 286,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.  Маврид ба зикр аст, ки  аз соли 2017 то ин ҷониб дар шаҳри Бӯстон бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 корхонаи саноатии гуногун мавриди баҳрабардорӣ карор гирифта, дар натиҷа садҳо нафар сокинон соҳиби ҷойи кор шуданд.

Чоп намудан E-mail