Оғози бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ

Оғози бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ   14.04.2022

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” оғоз бахшиданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки ин ду корхонаи нав дар давоми як сол бо сатҳу сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо хатҳои технологии муосир сохта ба истифода дода мешаванд. 

Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави металлургӣ дар як сол 2,2 тонна тилло (99,99%), 15 ҳазор тонна сабикаи сурмаи 99,85 фоиза ва 6 ҳазор тонна сурмаи рангаш сафеди 99, 5 фоиза мебошад. 

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду корхонаи нави ҶСП " ТАЛКО Голд" истеҳсоли тилло ва сурма то ба ҳадди ниҳоӣ расида,  боз зиёда аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.  Дар раванди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бошад, бештар аз ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Бояд таъкид намуд ки имрӯз қудрати истеҳсолии ҶСП "Талко Голд 10 фоизи бозори ҷаҳонии сурмаро ташкил дода, дар ҳолати ду маротиба зиёд намудани истеҳсолот он ба бузургтарин корхонаи истеҳсоли сурма дар дунё мегардад.

Чоп намудан E-mail