Қаллобӣ барои омода кардани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ

 Шарипов Суҳроб Зарипович дар вазифаи директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Вахш кору фаъолият намуда, дар якҷоягӣ бо ҳаммаслаки худ Сатторов Рустам Сафарбоевич барои омода кардани шиносномаи техникии манзили истиқоматии шаҳрванд “А” ба масоҳати 0,08 га аз номбурда маблағи 5 000 сомонӣ талаб намудаанд.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ Шарипов Суҳроб Зарипович ва Сатторов Рустам Сафарбоевич ҳангоми  гирифтани маблағи 5 000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъи дарёф ва гирифта шуд.

 

 Оиди ҳолати мазкур нисбати Шарипов Суҳроб Зарипович ва Сатторов Рустам Сафарбоевич бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ