Нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

    Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019, имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мушовири бахши ёрдамчии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода Сайфидин ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
   Нахуст Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи нимсолаи якуми соли 2019 ба хабарнигорон маълумот пешниҳод намуд.
     Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки дар ин давра аз тарафи мутахасисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 594 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 252,1 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда аз ин маблағ 161,7 млн. сомонӣ ё 64,1 фоиз барқарор карда шудааст, ки 33,4 млн. сомонӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 128,3 млн. сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо рост меояд.


    Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бошанд дар давраи сипаришуда 1370 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор намудаанд, ки 375 адади он ба гурӯҳи ҷинояти вазнин шомиланд.
   Қобил ба зикр аст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маориф ва илм 85, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 83, нақлиёт 12, кишоварзӣ 24, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 53, саноат ва технологияҳои нав 7, молия 3, инчунин дар сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 53, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 15, ШСХК “Барқи Тоҷик” 15, соҳаи бонкӣ 139, субъектони хоҷагидори ғайридавлатӣ 257, соҳибкорони инфиродӣ 265, дар дигар вазорату идора ва корхонаҳо 187 адад ба қайд гирифта шудааст.
   Муфаттишони Агентӣ дар ин давра 525 парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 373 адади онро нисбати 466 нафар ба анҷом расониданд, ки аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии ба анҷом расонидашуда 306 парванда нисбати 383 нафар айбдоршаванда бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои баррасӣ ба судҳо ирсол карда шудааст.
    Дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ 823 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва нисбати шахсони ба қонуншиканиҳо роҳдода ба маблағи 867 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.
     Ҳамзамон ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони Агентӣ 952 пешниҳод ирсол гардида, бо натиҷаи баррасии онҳо нисбати 257 нафар огоҳӣ, 244 нафар сарзаниш, 287 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 111 нафари дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.
    Агентӣ дар ин давра 630 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронида, дар 58 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор намудааст.
   Дар ин давра ба Агентӣ 2247 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, мавриди чораҷӯӣ қарор дода шудааст.
   Бо пешниҳоди маълумотҳои болозикр аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардид, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

 

05

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ