Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, санаи 28 июли соли 2020 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишасти мазкур мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Сироҷзода Сайфиддин, муовинони директори Агентӣ, сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтаќавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтаќаи Рашт, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст чорабиниро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи нимсолаи якуми соли 2020 ба хабарнигорон маълумот пешниҳод намуданд.

Чунончӣ, қайд карда шуд, ки дар ин давра ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 552 вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 41 маротиба баромад карда, дар 13 мизҳои мудаввар, семинар ва нишастҳои матбуотӣ ширкат варзидаанд.

Вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” - 122 санҷишҳо гузаронида шуда, оиди бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда чораандешӣ карда шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони Агентӣ 1155 пешниҳод ирсол гардида, бо натиҷаи баррасии онҳо нисбати 480 нафар огоҳӣ, 231 нафар сарзаниш, 273 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 2 нафар ба вазифаи паст гузаронида шуд ва 75 нафари дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

Дар ин давра аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 798 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 922,6 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

Инчунин, 41 ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, ошкор карда шуда, ҳуқуқвайронкуниҳои мазкур бо пешниҳоди санадҳои эътиноии Агентӣ бартараф карда шудаанд.

Ба Агентӣ ҷиҳати аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронидан 613 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки 521 адади он мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 75 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба мақомоти таҳиякунандаи лоиҳа бозпас гардонида шудаанд.

Дар баробари пешниҳоди маълумотҳои зикргардида аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ