Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Иштирок дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 

Рӯзи 16 феврали соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, аъзои Комиссияи марказии тафтишоти ҳизб, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парламент, роҳбарони як қатор кумитаҳои ҳизбии минтақаҳо, комиҷроияҳои ибтидоии ҳизбӣ, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшида, ба баррасии ҳозирин рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар бораи “Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ барои соли 2018-ро пешниҳод намуданд.

Раиси муаззами ҳизб зимни суханронӣ, аз ҷумла иброз доштанд, ки имрӯз барои ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даврае фаро расидааст, ки аз фаъолияти ҳизб дар соли 2017 ҷиҳати амалӣ гардондани ҳадафҳо ва барномаҳо натиҷагирӣ намуда, барои соли нави 2018 нақшаҳоро муайян намоянд. Таҳлилу натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида ва дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда имкон медиҳад, ки кори ҳизб, бахусус, дар шароити имрӯзаи кишвар, минтақа ва ҷаҳон дуруст ба роҳ монда шавад.

Таъкид гардид, ки мо дар як давраи мураккабу ҳассоси таърихӣ қарор дорем. Дар дунё таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омада истодаанд. Дар гӯшаҳои мухталифи дунё, дар кишварҳои гуногуни олам воқеаҳо ва таҳаввулотҳое ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеа бетаъсир намемонанд. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххас ва роҳандозӣ намоем-таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Изҳори боварию эътимод карда шуд, ки ҳар як чорабинӣ ва маъракаю ҷашнҳои ороста барои сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлол мусоидат менамояд.

Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди  пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи  шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии Тоҷикистон салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст. Фаъолияти фарогири ҳизб бозгӯи он мебошад, ки дар байни мардум маҳбубияти хос дорад.

Аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб, ки дар айни замон шумораи онҳо ба зиёда аз 460 ҳазор нафар мерасад, ҳамеша дар сафи пеши муборизони таҳкими сулҳу субот ва тараққиёт мебошанд, ки чунин мавқеи устувор обрӯи онро дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа беш аз пеш афзун гардонда истодааст.

Дар амри созандагию бунёдкорӣ ва таблиғи дастовардҳои ҷумҳурӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи калон пайдо кардааст. Барномаҳои он танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронда шудаанд.

Баъдан бархе аз аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ҳизб ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», аз ҷумла Шодигул Қонунзода - Директори мактаби Президентии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Аловиддин Амирзода - омӯзгор аз вилояти Хатлон, Муслимахон Ҷамолиён - Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, Муистон Азизова - Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, Баҳодур Исҳоқов - Раиси ташкилоти ибтидоии “Сафед-дара” ва Саодат Холмирзоева - магистри Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба музокира баромада, назару андешаҳои худро перомуни амалӣ кардани қарорҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои мақомоти олии ҳизб баён доштанд ва барои боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолияти минбаъдаи ташкилоти сиёсӣ ва таҳкими обрӯву нуфузи он дар ҷомеа пешниҳодҳои мушаххасро манзур намуданд.

Дар ниҳояти кори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони маҷлисро барои таҳкими ҳамаҷонибаи сулҳу ваҳдат, меҳнати садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан даъват намуда, бо назардошти тағйиру иловаҳо қарори Маҷлисро ба овоз монданд, ки он аз ҷониби аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ҳизб якдилона пазируфта шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.