Баргузории мизи мудаввар ҷиҳати таъмини иҷрои саволномаҳои даври 5-уми мониторинги Нақшаи амалҳои Истамбулии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд

Аз 22 то 26 январи соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни гурӯҳи кории байниидоравӣ ва намояндагони ниҳодҳои масъули кишвар мизи мудаввар баргузор гардида, дар доираи он ба саволномаи даври 5-уми мониторинги Нақшаи амалҳои Истамбулии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд вобаста ба 9 самти баҳодиҳӣ, аз ҷумла сиёсати зиддикоррупсионӣ, бархӯрди манфиатҳо ва эъломиякунонии даромадҳо, ҳимояи хабаррасонҳо ва ғайраҳо ҷавобҳои мушаххас таҳия карда шуд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Нақшаи амалҳои Истамбулии Шабакаро пазируфта, оғоз аз соли 2004 то инҷониб вобаста ба иҷрои тавсияҳои он ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро пешниҳод менамояд.

 

Тибқи барномаи кории Шабака дар назар аст, ки коршиносони он моҳҳои март - апрели соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдор раванди амалӣ намудани тавсияҳои пешниҳоднамудаи худро мавриди арзёбӣ қарор хоҳанд дод.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ