Ифтитоҳи шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД дар шаҳри Кӯлоб

Ифтитоҳи шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД дар шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои навбунёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорои 24 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум китобхонаи кушоду барҳаво, бо асарҳои Пешвои миллат, шоирону нависандагони классик ва муосири халқи тоҷик, адабиёти соҳавӣ ва 10 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ, қисми навбатдорӣ, анбори нигоҳдории либос ва маводи хӯрока мавҷуд мебошад.

Кормандони шуъба метавонанд дар вақтҳои барояшон мусоид озодона вориди китобхона гашта, адабиёти лозимаи хешро дастрас ва мутолиъа намоянд.

Ҳамзамон дар китобхона 2 компютер насб карда шудааст, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Дар бинои навбунёд толори кушоду барҳавои маҷлисӣ бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва толори варзишӣ барои машқу тамрини кормандон сохта шудааст. Толори маҷлисӣ барои баргузории ҳамагуна вохуриву мулоқот ва чорабиниҳои сиёсӣ - тарбиявӣ бисёр мувофиқ мебошад.

Ҳуҷраҳои ошёнаи 3-юм ва 4-уми бинои нав барои кормандони Хадамот, аз ҷумла афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ, хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ шудааст.

Ба ғайр аз ин дар ошёнаи 4-уми бино меҳмонхона сохта шудааст, ки дар ҳуҷраҳои он барои қабули меҳмонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё аст.

Дар ин рӯз аз ҷониби Сарвари давлат ба кормандони шуъба як воситаи нақлиёти хизматӣ туҳфа карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити дар бинои нав фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза" - и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлобро дар самти иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматияшон вазифадор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонии иншоот аз тарафи сохтмончиёни Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо сифати баланд иҷро гардид.

Намои берунаи бино бо тарҳи муосир оро ёфта, равшании онро дар шаб чароғакҳои гуногуни ҷилодиҳанда таъмин менамоянд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоб

Ифтитоҳи Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоб 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати замини он 5 ҳазору 658 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фариддун" ба иҷро расонида шудааст.  

Аз рӯи лоиҳа дар бинои мазкур ҳам бемориҳои наркологӣ ва ҳам бемориҳои рӯҳиву равонӣ табобат карда мешаванд.

Дар Маркази Беморхонаи наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб 40 кати хоб, 8 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои занона ва мардонаи беморони майзада, наркологӣ, экспертизаи судӣ, табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон, наркологии наврасон, эҳёгарӣ ва шуъбаи таҳлил мавҷуд мебошад, ки ҳамаи онҳо ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ мебошад.

Дар таҳхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ, ҳамзамон Маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), оксегенератор, узӣ, катҳои ташхисӣ ва асбобҳои асосӣ барои ёрии таъҷилӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, ҷиҳати табобати пурраву саривақтии беморон мусоидат менамояд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи мазкур бо чунин шароит дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин ба шумор рафта, дар он имконияти аз 3 то 21 рӯз ба табобати шабонарӯзӣ фаро гирифтани бемориҳои наркологӣ мавҷуд аст.

Дар беморхонаи тозабунёд 20 ҳуҷра бо шароити муосир таъсис дода шуда, он имкони дар як вақт ба 40 нафар хизмат расониданро дорад.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Маркази вилоятии равонпизишкӣ, беш аз 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуда, дар хизмати аҳолӣ қарор доранд.

Табибони Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхории пайвастаашон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, бо итминон иброз доштанд, ки баҳри таъмини солимии ҷомеа дониш ва таҷрибаи андухтаи хешро равона месозанд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 дар шаҳри Кӯлоб

Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 дар шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд.

Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.

Иншооти иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, синфхонаи томактабӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёнияти таълимӣ маҷаҳҳаз мебошад.

Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар шаҳри Кӯлоб ба 25 адад расид ва мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон пурра бартараф шуд. Дар мактаб беш аз 30 нафар ба ҳайси омӯзгор ба кор ҷалб гардидаанд.

Бино дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” дар доираи Лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” сохта шудааст.

Масоҳати иншооти нави соҳаи маориф 420 метри мураббаъро дар бар гирифта, он аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаридун” дар муҳлати муайянгардида бо риояи талаботи муосир бунёд гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар бинокори маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Бинои иловагии муассиса бо шабакаи гармидиҳӣ, ки бо истифода аз ангиштсанг фаъолият мекунад, пайваст мебошад ва ин низоми каммасраф дар мавсими сардиҳои зимистон барои бо гармӣ таъмин кардани синфхонаҳо мувофиқ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин даргоҳи маърифат омӯзгоронро барои равона намудани тамоми малакаву таҷрибаи кордонӣ ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят карданд.

Чоп намудан E-mail

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек карданд.

Мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба як макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба ин макон ташриф меоранд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон кард ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди ин макони таърихӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонони дохолию хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

 
 

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст.

Масоҳати умумии замини мактаб 1,75 гектарро ташкил дода, худи бинои таълимӣ дар масоҳати 748 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 40 мутахассис ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор ва маоиши хуб таъмин шуданд.

Даргоҳи нави маърифат дорои 12 синфхона, аз ҷумла химия, физика, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои духтарон ва писарон, китобхона бо толори хониш ва 4 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ дар масоҳати 375 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ифтитоҳи иншоот барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористон имконияти хубу мусоидро фароҳам овард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас дар бинои нави таълимӣ омӯзгорону дигар масъулонро ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тарбияи хуби онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.

Бунёд ва ба истифода додани бинои нави таълимӣ ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат мебошад.

Фармоишгари иншоот филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буда, корҳои сохтмонию паймонкорӣ дар бинои таълимиро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Уҳда» аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» бо сатҳу сифати баланд дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонданд.

Атрофи бинои таълимӣ сабзу хуррам карда шуда, барои истироҳату фароғати хонандагону омӯзгорон нишастгоҳҳо низ гузошта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои замонавии таълимиро барои сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористони шаҳри Кӯлоб туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, хонандагону омӯзгоронро барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз шароити фароҳамкарда роҳнамоӣ карданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

Нимаи дуюми рӯзи 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб меҳмони олиқадр - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони шаҳр бо эҳтироми гарму самимӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хос истиқбол гирифтанд.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир”-и ноҳияи Фархор

Боздид аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир”-и ноҳияи Фархор 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” боздид ба амал оварданд.

Дар Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи замин, аз ҷумла нашъунамои шолӣ дар кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, фаъолияти гармхона ва сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.

Дар хоҷагӣ, ки дорои 160 гектар буда, 80 саҳмдор дорад, дарахтони гуногуни мевадиҳанда парвариш ёфта, сабзавоту зироатҳои гуногун кишт карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини бозорҳои ноҳия ва дигар истеъмолкунандагон бо маводи тару тоза ва босифати кишоварзӣ, инчунин ҷиҳати содироти маҳсулот дар 50 гектар парвариши дарахтони зардолу, 4 гектар анор, 3 гектар бодом, 7 гектар олу, 6 гектар пиёз ва дар 8 гектар каду ба роҳ монда шудааст.

Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” серсоҳа буда, дар он ҳамчунин дар майдони 48 гектар пахта ва дар масоҳати 32 гектар замин шолӣ кишт карда шудааст.

Бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва заминҳои корам, инчунин таҷрибаи бойи заминдорӣ хоҷагидорон дар майдони 1 гектар помидор ва дар 1 гектар зироатҳои дигарро кишт карда, дар масоҳати умумии 0,2 гектар гармхона бунёд кардаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонию боғпарварии “Боғи Нодир” ба тарзи ташкили кор, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ баҳои арзанда доданд.

Ҳамчунин ба хоҷагидорон ҷиҳати рушду равнақи соҳаи боғдорӣ ва зироаткорӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва супоридани туҳфаҳо ба онҳо

Мулоқот бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва супоридани туҳфаҳо ба онҳо 19.10.2023

19 октябр баъди ифтитоҳи ҶДММ “Маркази ташхисиву табобатии Ориёно” дар деҳоти Фархори деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон мулоқот анҷом дода, бо вазъи зиндагии онҳо шинос мешаванд.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон дар ноҳияи Фархор дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва ғамхориҳо нисбат ба ятимон дар баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари инсондӯсту ятимпарвари хеш туҳфаҳои арзишманду хотирмон гирифтанд. Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешавад ва зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими ноҳияҳои Фархор, Балҷувон,  Муъминобод, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин сӯҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар ва илмҳои дақиқу муосир, техника ва технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустӣ ҳидоят намуданд.

Чоп намудан E-mail