Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон  01.04.2022

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.

Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.

Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд.

Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад.

Бо истифода аз фурсат, боз як масъалаи муҳимро таъкид менамоям.

Моҳи Рамазони имсола ба давраи оғози кишту кори баҳорӣ рост омад.

Яъне мо бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, кишти зироатҳо ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшем.

Дар шароити имрӯза тамоми кишоварзон ва ҳар як оила бояд ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ки манфиату самаранокии ин амал солҳои охир дар фаровонии бозори истеъмолӣ равшан дида мешавад, диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Мо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.

Зарур аст, ки аз ин имкониятҳо дурусту оқилона истифода барем, то ин ки як ваҷаб замин холӣ намонад ва барои рӯёнидани ҳосил истифода карда шавад.

Хотирнишон менамоям, ки ин талаби замона ва тақозои рӯз мебошад.

Мо бояд ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳем, барои ҳосили фаровон замина гузорем ва масъалаи захираи дусолаи маводи ғизоиро дар ҳар як оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахусус, дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус диданд, фаромӯш накунем.

Мо, аллакай, имрӯз бояд дар фикри он бошем, ки фарзандон ва аҳли хонадони мо ва умуман сокинони кишвар ба мушкилӣ дучор нагарданд ва аз камчинии маводи ғизоӣ ё болоравии нархи он, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода азияту муҳтоҷӣ накашанд.

Мо бояд чи дар моҳи Рамазон ва чи дар моҳҳои дигар софдилонаву аҳлона заҳмат кашем, ба хотири осоиши фарзандон, аҳли оилаи худ, ҳар як хонадони мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва корҳои ободониву созандагиро тибқи ҳадафҳои муайянкардаамон беш аз пеш густаришу вусъат бахшем.

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро илова ба мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, пайомадҳои манфии он, бемории сироятии КОВИД – 19, камчин гардидани озуқаворӣ ва болоравии нархҳо авзои бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёра сахт ба ташвиш овардааст.

Ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

Тибқи таҳлилҳо инсоният имрӯзҳо дар давраи ҳассостарину душвортарини таърихи беш аз садсолаи худ қарор дорад.

Мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд.

Хусусан, соли ҷорӣ барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад.

Дар чунин шароит моро зарур аст, ки нисбат ба ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба таҳлукаву воҳима наафтем, сарфаю сариштакор ва ҳушёру эҳтиёткор бошем, арзишҳои инсондӯстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллӣ ва диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дуруст ва ҳадафмандона истифода барем.

Дар замоне, ки вазъияти сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо гардида, масъалаи истиқлолу озодии кишварҳои алоҳида ва сохти давлатдории онҳоро таҳти саволи ҷиддӣ қарор додааст, ҳар яки моро водор месозад, ки иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеаро боз ҳам таҳким бахшем.

Мо вазифадорем, ки барои ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошем.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳимояи иқтисодиёт ва сокинони кишвар аз таъсири вазъи бамиёномада бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ба ҳамватанони азиз муроҷиат карда, боз як нуктаи муҳимми дигарро хотирнишон месозам, ки дар раванди анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ба одоби масҷидравӣ низ диққат диҳем.

Масҷид ҷойи тоату ибодат ва макони тарбияи рӯҳиву маънавии мардуми мусулмон аст.

Худованд дар сураи «Ҷумъа»-и Қуръони маҷид доир ба одоби масҷид чунин мефармояд: – «Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед …».

Аз ин бармеояд, ки чун намоз хонда шавад, мусулмонон бояд барои ба даст овардани ризқу рӯзии аҳли хонадони худ аз пайи заҳмат ва кор шаванд.

Дигар нуктаи муҳим – худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона ҳангоми баргузор намудани ҳама гуна маросиму маъракаҳо ва махсусан, дар давоми моҳи шарифи Рамазон мебошад.

Мо понздаҳ сол пеш маҳз ба хотири ба танзим даровардани анъанаву маросим ва расму ойинҳои миллӣ аввалин қонуни миллиро қабул намудем.

Раванди татбиқи қонуни миллӣ ва натиҷаҳои он собит сохтанд, ки ин иқдоми мо дурусту саривақтӣ ва ба манфиати мардум мебошад.

Зеро ба шарофати қонуни мазкур маросиму анъанаҳо ва расму ойинҳои диниву миллии мо аз унсурҳои ифротиву хурофотӣ озод гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар шуд.

Ҳамватанони азизи мо бояд мувофиқи авзои умумии торафт мураккабу мушкилшудаистодаи замона амал карда, ҳаргиз ба зоҳирпарастиву исрофкорӣ, алалхусус, ба исрофи нон роҳ надиҳанд.

Мо набояд мушкилоту азоберо, ки мардумамон дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бинобар камчин гардидани нон кашида буданд, фаромӯш кунем.

Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як оила дар фикри таъминоти хонадони худ, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ бошад.

Итминон дорам, ки моҳи шарифи Рамазон барои мардуми сарбаланду заҳматқарини кишвари соҳибихтиёрамон айёми такмили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ, давраи фаъолияти созанда ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан, осоиши ҳар як хонадон, таҳкими боз ҳам бештари сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонии тоҷикон мегардад.

Бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон ва имони комил орзу менамоям.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Чоп намудан E-mail

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният мегӯям.

Сидқан орзумандам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ оварад.

Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.

Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем.

Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.

Вобаста ба ин, хотиррасон месозам, ки арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор барои ташаккули маънавиёти наслҳои имрӯзу оянда нақши калидӣ дорад.

Аз нав зинда гардонидани расму ойинҳо, суннату анъанаҳо ва либосҳои миллӣ, маросиму ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва барқарорсозии номҳои ҷуғрофию таърихии сарзамини куҳанбунёдамон ба тақвияти ҳофизаи таърихиву ҳисси миллии мардуми кишвар ва махсусан, наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Боиси қаноатмандии зиёд аст, ки дар баробари эҳё намудани суннатҳои наврӯзӣ мардуми заҳматпешаву созандаи мо тибқи анъанаи нек гулгашту боғҳои нав бунёд мекунанд.

Дарвоқеъ, ниҳолшинонӣ ва гулгардониву гулшинонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин падидаҳои зебоипарастии фарҳанги Наврӯз аст, ки намунаи он дар симои пойтахти кишвари азизамон равшан намудор мебошад.

Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст ва онро, аз ҳама бештар, деҳқонон интизорӣ мекашанд.

Мардуми мо дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ба кишту кори баҳорӣ машғул мешаванд, бо нияти нек ба замин донаи ризқу рӯзӣ мекоранд, ниҳол мешинонанд ва дигар корҳои баҳориро оғоз мекунанд.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат дар вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ ифода меёбад.

Аз ин рӯ, мардуми мо чун анъана ба пешвози Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунанд, зеро файзу баракат дар ҷоест, ки покизагиву ободӣ бошад.

Фазилати дигари Наврӯз ин аст, ки одамон ба истиқболи он бо хушҳолии зиёд омодагӣ мебинанд, кинаву адоватро фаромӯш мекунанд, рӯзи нав ва ҷашни сари солро бо умеди он, ки сол пурфайзу бобаракат ояд, бо дилу нияти пок ва сару либоси тозаву озода пешвоз мегиранд.

Мо – тоҷикон соҳиби адабиёту фарҳанги ғаниву қадима буда, аксари ташаббусҳои байналмилалие, ки дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбарӣ карда мешаванд, маҳз аз ҳамин фарҳангу маънавиёти деринаи халқамон сарчашма мегиранд.

Басо рамзист, ки 22 марти соли 2018 дар айёми наврӯзӣ ва дар «Рӯзи ҷаҳонии об» татбиқи ташаббуси нави Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 оғоз гардид.

Яъне ҳоло ибтикори чоруми кишвари мо дар миқёси сайёра амалӣ шуда истодааст, ки албатта, мояи сарфарозиву ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи об бесабаб нестанд, зеро об дар тамаддун ва фарҳанги мардуми ориёинажоди мо асрҳои аср мақоми бисёр баланду арзишманд дошта, халқи тоҷик аз замонҳои қадим чун мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин, кишоварзу ободгар ва соҳиби марказҳои бостониву эътирофгардидаи маданияти заминдорӣ шинохта шудааст.

Умед дорем, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми куҳанбунёду тамаддунсоз ва заҳматдӯсти тоҷик дар роҳи талошҳои созандаву бунёдкорона ва ободонии кишвари соҳибистиқлоламон фатҳу кушоишҳои нав меоварад.

Мо Наврӯзи имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари мамлакат кору пайкори созандагӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон идома дорад.

Мардуми сарбаланди мо хуб медонанд, ки истиқлоли воқеиро танҳо бо заҳмати созанда, тафаккури пешрафта, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон пуштибонӣ кард ва таҳкиму тақвият бахшид.

Ин рисолати таърихӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ дар шароити ниҳоят ҳассос ва авзои мураккаби сиёсиву низомии ҷаҳони имрӯза бар дӯши мову шумо, яъне ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа вазифаҳои басо душвор, пурмасъулият ва тақдирсоз мегузорад.

Дар шароити бавуҷудомадаи кунунӣ мо бояд барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватани муқаддасамон ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон омода бошем.

Дар пешорӯйи давлати соҳибистиқлоли мо барои солҳои наздиктарин ҳадафҳои бузурги стратегӣ ва сарнавиштсоз қарор доранд, ки мо бояд ҳамеша дар андешаи татбиқи амалии онҳо бошем.

Ҳамватанони азиз!

Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳи якдигар, навозиши ятимону маъюбон, аёдати падару модарон, беморону калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманди мо ин анъанаи неки ниёгонамонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд.

Мо ҷашни бостонии ниёгонамон – Наврӯзи байналмилалиро дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст.

Мо бояд ба қадри ин неъмат расем ва шукронаи онро ба ҷо оварем.

Ба хурду бузурги мардуми азизи Тоҷикистон муроҷиат мекунам, ки Ватани маҳбубамонро сидқан дӯст доред, босабру таҳаммул бошед, иззату эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оваред, дар лаҳзаҳои душвор дасти ҳамдигарро гиред ва шукрона кунед, ки дар Ватани орому осуда ва давлати озоду соҳибихтиёр умр ба сар мебаред.

Ду соли гузашта, яъне давраи паҳншавии бемории КОВИД – 19 нишон дод, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи давлатҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хеш мебошанд.

Дар чунин вазъият камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва ҳатто маводи доруворӣ дар байни кишварҳо боиси азияти миллионҳо нафар одамон гардид.

Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дар ёд дошта бошанд, ки мо рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтар, солҳои бисёр сахту ҳалокатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ду соли охир бемории сироятии КОВИД – 19-ро паси сар кардем.

Аз ин лиҳоз, мо бояд бо сабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука наафтем ва бовар дошта бошем, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ ва гузарандаанд.

Дар чунин шароит, мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон шавем, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона кор кунем, софдилона заҳмат кашем ва камбудиву мушкилиҳои зиндагиамонро худамон бартараф созем.

Махсусан, деҳқонони асили мо, ки соҳиби таҷрибаи зиёди кишоварзӣ ва маданияти баланди заминдорӣ мебошанд, бояд аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, киштукори баҳориро, ки омили таъминкунандаи файзу баракати хони наврӯзӣ ва рӯзгори халқамон ба ҳисоб меравад, вусъат бахшанд.

Зарур аст, ки истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз заминҳои обӣ рӯёнидани се – чор ҳосил таъмин карда шавад.

Ин яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад.

Дар даврае, ки башарият вазнинтарин солҳои таърихи худро аз сар мегузаронад, мо боз ҳам бештар сарфакор бошем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем.

Моҳи апрели соли гузашта дар муроҷиати худ ба мардуми Тоҷикистон вазъияти ниҳоят мушкили ҷаҳонро таъкид карда будам.

Соли ҷорӣ вобаста ба таҳримҳои иқтисодӣ ва дигар низоъҳое, ки рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодаанд, вазъи таъминот бо маводи ғизоӣ дар бисёр минтақаҳои олам хеле мушкил гардидааст, ки таъсири он ба ҳама, аз ҷумла ба кишвари мо низ мерасад.

Бори дигар таъкид месозам, ки бо дарназардошти вазъи баамаломада ҳар як оила бояд сарфаю сариштакориро риоя намояд.

Чунонки солҳои охир борҳо хотирнишон карда будам, ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки асоси омода кардани мутахассисони ояндасози миллӣ мебошад, эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем ва нагузорем, ки дар байни ҷомеаи мо ва махсусан, наврасону ҷавонон андешаҳои хурофотиву таассуб ва унсурҳои фарҳанги бегона нуфуз пайдо намоянд.

Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, пайвандгари замонҳо, нигаҳдорандаи суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.

Бовар дорам, ки мо бо заҳмати аҳлонаи мардуми заҳматқаринамон ба ҳадафҳои неки худ мерасем, Тоҷикистони маҳбубамонро дар ояндаи наздик ба як мулки ободу пешрафта табдил медиҳем ва нуфузу обрӯи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳкиму тақвият мебахшем.

Бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми шарифи мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷовидонӣ бошад.

Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Чоп намудан E-mail

Паёми шодбошӣ ба муносибати соли нави мелодии 2022

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид.

Дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд.

Аз ин лиҳоз, соли 2021 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Вобаста ба ин, мехоҳам бо қадрдониву ифтихор хотирнишон созам, ки мардуми шарафманду заҳматдӯсти мо, соҳибкорону тоҷирони ватандӯст ва шахсони саховатпеша ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузурги миллӣ сарҷамъу аҳлона кор карданд ва садоқати худро ба Ватан ва арзишҳои истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодии худ исбот намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

  • 1
  • 2

Ҷустуҷӯ