ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23

Низомномаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 декабри соли 2010 № 968

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 14.06.2014 № 214, аз 5.06.2017 № 887, аз 30.11.2019 № 1378)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯрои миллӣ) мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия буда, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба ӯ ҳисоботдиҳанда мебошад.

2) Шӯрои миллӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад (Фармони Президенти ҶТ аз 5.06.2017 № 887).

2. Мақсад ва вазифаҳои Шӯрои миллӣ

3) Мақсади асосии Шӯрои миллӣ аз инҳо иборат аст:

- таҳлил ва баррасии масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва мутобиқ намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти псшгирӣ ва мубориза бо коррупсия;

- мусоидат оид ба татбиқ намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия, Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва дигар санадҳои барномавии миллии мубориза бо коррупсия (Фармони Президенти ҶТ аз 14.06.2014 № 214);

- мониторинги давлатию ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия ва иҷрои самараноки вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар мубориза бо коррупсия ва баҳогузорӣ намудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар ин самт;

- ҷалби васеи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахрвандон дар мубориза бо коррупсия;

- бартараф намудани таҳдидҳо ба бехатарии иқтисодиёти миллӣ, пешгирии омилҳо ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, мусоидат ба дарки хавфнокии коррупсия дар ҷомеа ва ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба омилҳои коррупсионӣ.

4) Вазифаҳои Шӯрои миллӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- мусоидат оид ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;

- пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати муайянсозӣ, тасдиқ ва амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия;

- мутобиқсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия;

- мониторинг ва баҳогузорӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба иҷрои ҷорабиниҳои муқовимат ба коррупсия;

- назорати иҷрои чорабиниҳои пешгирии коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда;

- ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва дарки хавфнокии коррупсия дар ҷомеа, ҷалби қувваҳои солимфикри ҷомеа дар муқовимат ба коррупсия бо роҳи ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

3. Ҳуқуқҳои Шӯрои миллӣ

5) Шӯрои миллӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;

- тибқи тартиби муқарраргардида талаб карда гирифтани маълумоти зарурӣ аз мақомоти дахлдор;

- барои иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои миллӣ ҷалб намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шунидани ахбороти онҳо оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;

- таъсиси комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ дар ҳолатҳои зарурӣ;

- амалӣ намудани дигар ҳуқуқҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

4. Ҳайати Шӯрои миллӣ

6) Ҳайати Шӯрои миллӣ аз Раис, аъзо ва котиб иборат аст.

7) Раиси Шӯрои миллӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

8) Аъзои Шӯрои миллӣ инҳо мебошанд:

- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 14.06.2014 № 214);

- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо (Фармони Президенти ҶТ аз 14.06.2014 № 214);

- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (Фармони Президенти ҶТ аз 14.06.2014 № 214);

- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 14.06.2014 № 214);

- Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният";

- Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ;

- Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 5.06.2017 № 887);

- Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 14.06.2014 № 214);

- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон;

- Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Сардори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон;

- Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил доранд;

- Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;

- Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;

- Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

- Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

- Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон;

- раиси ташкилоти ҷамъиятии "Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Фармони Президенти ҶТ аз 5.06.2017 № 887);

- раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 30.11.2019 № 1378);

9) Аъзои Шӯрои миллӣ вазифадоранд, ки дар ҷаласахои Шӯрои миллӣ иштирок намоянд. Онҳо наметавонанд иҷрои ваколатҳои худро ба шахси дигар супоранд.

5. Ваколатҳои Раиси Шӯрои миллӣ

10) Раиси Шӯрои миллӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- ҷаласаҳои Шӯрои миллиро даъват менамояд;

- ҷаласаҳои Шӯрои миллиро мегузаронад ва ба онҳо раисӣ менамояд;

- қарорҳои Шӯрои миллиро имзо менамояд;

- аз ҳисоби аъзои Шӯрои миллӣ, намояндагони дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносон, олимон ва мутахассисон оид ба масъалаҳои алоҳидаи самтҳои фаъолияти Шӯрои миллӣ комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳад ва ҳисоботи онҳоро мешунавад;

- ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шӯрои миллӣ ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо медиҳад;

- дигар ваколатҳоеро, ки ба фаъолияти Шӯрои миллӣ дахл доранд, амалӣ менамояд.

11) Котиби Шӯрои миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Котиби Шӯрои миллӣ Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар асоси доимӣ амалӣ менамояд. Котиби Шӯрои миллӣ масъалаҳои иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию техникии фаъолияти Шӯрои миллиро таъмин менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 14.06.2014 № 214).

12) Вазифаҳои Котиби Шӯрои миллӣ аз инҳо иборатанд:

- рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои миллиро омода менамояд;

- коргузории Шӯрои миллиро ташкил менамояд;

- муроҷиатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ба Шӯрои миллӣ воридшударо таҳия ва ҷамъбаст намуда ба Раиси Шӯрои миллӣ пешниҳод менамояд;

- якҷоя бо аъзои Шӯрои миллӣ ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба масъалаҳои баррасишаванда таҳия намуда, лоиҳаи қарорҳоро аз рӯи онҳо ба Раис ва аъзои Шӯрои миллӣ пешниҳод менамояд;

- қарорҳои Шӯрои миллиро омода ва барои имзо ба Раиси Шӯрои миллӣ пешниҳод менамояд;

- тавассути воситаҳои ахбори омма тартиби фаъолияти Шӯрои миллӣ ва қарорҳои қабулнамудаи онро ташкил менамояд;

- назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои миллиро ба роҳ мемонад;

- супоришҳои Раиси Шӯрои миллӣ ва дигар вазифаҳоро вобаста ба фаъолияти Шӯрои миллӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

13) Дар кори таҳлил ва ҷамъбасти масъалаҳои дар ҷаласаҳои Шӯрои миллӣ муҳокимашаванда ба Котиби Шӯрои миллӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

6. Тартиби кори Шӯрои миллӣ

14) Шӯрои миллӣ масъалаҳои муҳимро вобаста ба муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, қарор қабул менамояд, ки дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби Раиси Шӯрои миллӣ имзо карда мешаванд.

15) Ҷаласаҳои Шӯрои миллӣ на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.

Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои миллӣ аз рӯи зарурат бо ташаббуси Раиси Шӯрои миллӣ, ё аз нисф зиёди аъзои Шӯрои миллӣ даъват карда мешавад.

16) Рӯзномаи ҷаласа ва маводи баррасишаванда ба аъзои Шӯрои миллӣ на дертар аз се рӯз пеш аз оғози ҷаласа ирсол карда мешаванд.

17) Ҷаласаҳои Шӯрои миллӣ дар ҳолати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои миллӣ гузаронида мешаванд.

18)Қарори Шӯрои миллӣ бо овоздиҳии ошкоро ва тарафдории аксари иштирокчиёни ҷаласа қабул карда мешавад.

19) Шӯрои миллӣ барои шунидани ҳисобот метавонад ба ҷаласаҳои худ роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдорро даъват намояд. Шӯрои миллӣ дар мавриди зарурӣ метавонад барои додани хулоса оид ба масъалаҳои дар ҷаласаҳои худ баррасишаванда олимон, коршиносон ва мутахассисонро даъват намояд.

7. Таъминоти молиявии фаъолияти Шӯрои миллӣ

20) Маблағгузории фаъолияти Шӯрои миллӣ ва котиби он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад.

8. Муқаррароти хотимавӣ

21) Ташкил, таҷдид ва барҳамдиҳии Шӯрои миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2020.