Вохӯрии дуҷонибаи директори Агентӣ бо намояндагони мақомотҳои зиддикоррупсионии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Гурҷистон ва масъулини Бонки Ҷаҳонӣ

Дар ҷараёни иштироки ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки дар шаҳри Атлантаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуда истодааст, якчанд вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони мақомотҳои зиддикоррупсионии давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид.

 

Аз ҷумла, дар доираи сафари кории болозикр вохӯрии дуҷонибаи  директори Агентӣ бо роҳбарият ва шахсони масъули Агентии назорат ва мубориза бо коррупсияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Бюрои зиддикоррупсионии Гурҷистон ва Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифт.

 

Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо вобаста ба дастовардҳои худ дар самти муқовимат ба коррупсия музокира карда, омодагии хешро ҷиҳати минбаъд тақвият бахшидани ҳакориҳо дар ин самт иброз намуданд.  

 

 

Маркази матбуоти Агентӣ!

Чоп намудан E-mail