Иштироки намояндаи Агентӣ дар Ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд

3-5 октябри соли 2023 намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд”, ки дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

 

Чорабинӣ, ки дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои (НИА) Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, давраи 5-уми мониторинги ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина вобаста ба иҷрои тавсияҳои пешниҳоднамудаи Созмон мавриди муҳокима қарор гирифта, баргузории 28-умин нишасти Гурӯҳи роҳбарикунандаи Шабака ба нақша гирифта шуд.

 

Зимнан чорабинии мазкур дар фазои дӯстиву ҳамҷаворӣ сурат гирифта, дар назар аст, ки мониторинги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон оид ба тавсияҳои СҲИР дар соли 2024 доир гардад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

Чоп намудан E-mail