Конфронси маҷозии илмӣ-амалӣ байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти муқовимат ба коррупсия дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тариқи маҷозӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

 

 Дар конфронс кормандони Агентӣ, намояндагони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои воқеии пешгирӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ки бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотӣ содир мешаванд, табодули таҷриба намуданд.

 

 Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфта, изҳори умедворӣ карда шуд, ки он барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои байниҳамдигарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои олии ҳарду кишвар заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ