Иштироки кормандони Агентӣ дар мизи мудаввар

 Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат пайваста аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад. Яке аз василаҳои асосии расидан ба ҳадафи болозикр ин баргузор намудани

 

 Конфронсу семинар, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ диққати қишрҳои гуногуни ҷомеа дар масоили муқовимат ба коррупия боз ҳам бештар ҷалб карда мешавад. 

 

  Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Агентӣ мизи мудаввар доир гардида, натиҷаи хулосаҳои экспертизаи давлатии зиддикорупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 Ҳамзамон масъулини Агентӣ ба ҳозирин моҳият ва мазмуни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Дар бораи экспертизаи зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақша чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи методолияи тартиб ва методикаи таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсия)”-ро фаҳмонида, дар навбати худ ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас доданд.

 

 Чорабинӣ ба таври мубоҳисавӣ сурат гирифта, иштирокчиён аз дониши андӯхтаашон дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан