Қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Муъминобод

 25 феврали соли 2023 тибқи Нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи бинои осоишгоҳи ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо иштироки муовинони раиси ноҳия ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

 

 Қабули шаҳрвандон дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» сурат гирифта, зимни он оид ба муроҷиатҳои шифоҳии шахсони воқеӣ талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаҳмонида шуда, вобаста ба дигар мавзуъҳои муроҷиаткунандагон чораҳои дахлдор андешида шуд.

 

 Илова бар ин, масъулини Агентӣ дар доираи сафари корӣ бо фаъолон ва кормандони муассисаю ташкилотҳои ҳудуди ноҳия вохӯрӣ баргузор намуда, талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар барномаҳои давлатиро дар ин самт ба самъи иштирокчиён расониданд.

 Дар навбати худ аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки дар кори муқовимат ба коррупсия, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифтротӣ бетарафӣ зоҳир накарда, барои ояндаи дурахшони ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.  

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан