Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия»

 Дар асоси “Нақшаи гузаронидани вохӯриҳои кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилоту муассисаҳо оиди муқовимат ба коррупсия дар нимсолаи дуюми соли 2022” дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия» баргузор гардид.

 

 Семинари мазкур аз ҷониби намояндагони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо роҳбарияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва занону бонувони фаъоли мақомоти давлатии ҳудуди шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимону шоирон ва нависандагони минтақа гузаронида шуда, роҳҳои пешгирии падидаи манфии коррупсия, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мавҷуда мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 

 Қайд гардид, ки нақши занону бонувон дар таҳкими сиёсати зиддикоррупсионӣ назаррас арзёбӣ гардида, барои баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа тамоми талошҳову тадбирҳои шоиста амалӣ гардида истодааст.

 

 Дар интиҳо иштирокдорон вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус Кодексии оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ инчунин мушкилотҳои рӯзмараи худ дар ин самт ибрози андеша намуданд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ