Баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти муқовимат ба коррупсия

 15 декабри соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев Камран Байрам оглы баргузор гардид.

 

 Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилаи судманд дар  самти мубориза бо коррупсия мавриди муҳокима қарор дода шуда, ҷонибҳо вохӯрии имрӯзаро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд.

 

 Дар ин замина бо мақсади татбиқ, нигоҳдорӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти муқовимат ба коррупсия” ба имзо расонида шуд.

 

 Зимни баимзорасонии Созишномаи мазкур ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни мақомотҳои марбута дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат мусоидат намуда, барои тақвият бахшидани неруҳои муборизабарандаи зидди коррупсия таъсири мусбӣ мерасонад.

 

 Чорабинӣ дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳми ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфта, меҳмонон барои истиқболи гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ