Мулоқоти дуҷонибаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 15 декабри соли 2022 дар дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бурханов Акмал Эшондедаевич баргузор гардид.

 

 Зимни вохӯрӣ рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба  амалисозии “Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” барои солҳои 2022-2023 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар соли сипаригардида мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

 Қайд гардид, ки ёддошти мазкур барои баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони ҳарду ҷониб, махсусан дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд таъсири мусбӣ расонида, таҷрибаи андӯхта дар ин самт ба беҳтар намудани фаъолият мусоидат намуд.

 

 Вохӯрӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом сурат гирифта, ҷонибҳо азму иродаи хешро ба рушди бемайлони робитаҳои судманд баён намуданд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ