Семинарҳои омӯзишӣ бахшида ба «Рузи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия»

 9 декабри соли 2022, аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рузи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ семинарҳои омузишӣ ташкил ва баргузор гардид.

 

 Дар чорабиниҳо намояндагон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, вобаста ба аҳмияти таърихии ин сана, пешгирии коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва рафъи омилҳои ба он мусоидаткунанда баромад намуданд.

 

 Инчунин, ба иштирокчиён моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)”  фаҳмонида дода шуд.

 

 Қайд гардид, ки баргузор намудани ин қабил чорабиниҳо ба мафкураи зиддикоррупсионии ҷомеа таъсири мусбӣ расонида, дар роҳи амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан