Баргузории мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия”

7-8 декабри соли 2022 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” мизи мудаввар баргузор гардид.

 

 Чорабинии мазкурро масъулини Агентӣ ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯҳои “Таърихи пайдиоши зуҳуроти коррупсия” ва “Муқовимат бо коррупсия – омили муҳими ташаккул ва инкишофи низоми муосири идоракунии давлатӣ” баромад намуданд.

 

Дар навбати худ намояндагон аз Донишгоҳњои миллӣ, технологӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои “Сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақши Пешвои миллат дар амалигардонии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Баъзе масъалаҳо оид ба ҷанбаҳои психологии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва ҷаҳонбинии муқовимат ба коррупсия” ва “Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил дар мубориза бар зидди гирифтани пора ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ” маърӯза карданд.

 

 Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои он ба афкори умум таъсири мусбии худро мерасонад.

  

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ