Мулоқоти дуҷониба бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

 3 июни соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Мудирияти кулли ҳамкории байналмилалии Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

 

 Зимни вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба таҳияи барномаи Иттиҳоди Аврупо дар бахши рушди маълумоти касбӣ-техникӣ ва кортаъминкунӣ тавассути дастгирии буҷет мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо доир ба мавзӯъ изҳори андеша намуданд.

 

 Қайд гардид, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мунтазам ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаи мазкур чорабиниҳои мақсаднокро роҳандозӣ менамояд.

 

 Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфта, ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори умедворӣ карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ