Мулоқоти дуҷониба бо мушовири минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ

  20 майи соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо мушовири минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ Александр Водяной баргузор гардид.

 

  Дар рафти мулоқот вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар  самти мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм муколамаи судманд анҷом дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои минбаъда дар ин самт омодагии худро баён карданд.

 

 Таъкид гардид, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бемайлони робитаҳо бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса дода, дар ҳамбастагӣ як қатор чорабиниҳои мақсаднокро роҳандозӣ намудааст.

 

 Изҳори умедворӣ карда шуд, ки вохӯрии доиргардида барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ