Вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вук Жугич

  29 апрели соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Вук Жугич бо роҳбарияти Агентӣ доир гардид.

 

 Зимни вохӯрӣ дар қатори масъалаҳои марбут ба татбиқи чорабиниҳои банақшагирифташуда барои соли 2022 инчунин самтҳои ҳамкории муштарак барои соли 2023 ба мувофиқа расонида шуд.

 

 Қайд гардид, ки Агентӣ бо мақсади бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) саҳмгузор буда, бо ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ робитаи зич дорад.

 

 Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфта, ба рушди бемайлони робитаҳои судманд изҳори умедворӣ карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан