Баргузории семинари омӯзишӣ

  Имрӯз  дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Татбиқи бобҳои 2 ва 5 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” баргузор гардид.

 

 Дар семинари мазкур мушовири минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ  Владимир Козин бо маърӯза баромад намуда, доир ба чораҳои пешгирии коррупсия ва тадбирҳо ҷиҳати баргардонидани даромадҳо ибрози андеша намуд.

 

 

  Дар идома байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида, вобаста ба масъалаи баррасишаванда мубоҳиса сурат гирифт.

 

 

 Семинари омӯзишӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки он дар роҳи муқовимат ба  коррупсия ва аз байн бурдани ин падидаи номатлуб мусоидат менамояд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан