Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъист"
Санаи 18 октябри соли 2024 дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия - кори дастаҷамъист» доир гардид.
Чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, омўзгорон ва донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш сурат гирифта, дар рафти он маърузакунандагон доир ба мавзўъҳои мухталифи муқовимат ба коррупсия баромад намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти оқибатҳои манфии коррупсия дар устуворӣ ва идоракунии давлат, поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин рушди иқтисодиёти кишвар, мубориза бо ин амали номатлубро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар мубориза бо ин падидаи хатарнок ва таҳдидкунанда ба амнияти ҷомеа пурзўр намудааст.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои мубоҳисавии иштирокчиён сурат гирифта, ҳадафи баргузории он пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва муборизаи беамон бо зуҳуроти коррупсия арзёбӣ карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ