Баргузории вохӯрӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
15 октябри соли 2024 дар ҳошияи эълон шудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони мақомот бо роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар чорабинӣ масъалахои мубрам дар самти муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки кӯшишҳои худро баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия равона намуда, дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Зеро муқовимати дастаҷамъона алайҳи ин падидаи номатлуб дар воқеъ кафили рушди на танҳо соҳаҳои маориф ва илм, балки дар маҷмӯъ рушди кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кишварамон мегардад.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои озод ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, дар назар аст, ки натиҷаи он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф ва илм дар муборизаи беамон бо падидаи номатлуби коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ.