Баргузории семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - дастоварди миллӣ”

Бо мақсади дар сатҳи муносиб таҷлил намудани ҷашни 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ санаи 3 сентябри соли 2024 семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - дастоварди миллӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.
 
Дар чорабинӣ роҳбарияти шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон, раиси ноҳияи Айнӣ, роҳбарият ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ширкат варзида, оид ба масъалаҳои мухталиф маърўзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
 
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, Истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.
 
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаҳои номатлуб ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail