Баргузории вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо сафири Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
27 августи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид бо сафири Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Виллӣ Кемпел доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаи равобити дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт мубодилаи афкор намуда, аз ҳамкории ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ иброз доштанд.
Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфамӣ сурат гирифта, ҳамчун маҳаки тақвиятдиҳандаи муносибатҳои мутақобилан судманд арзёбӣ ёфта, умед аст, ки натиҷаи он барои рушди муносибатҳои ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ